IQNA

Аввалин гирдиҳамоии байналмилалии донишмандон ва таблиғгарони зан дар Истанбул баргузор мешавад

0:04 - April 24, 2025
рақами хабар: 3251
ИКНА - Аввалин конфронси байналмилалии донишмандон ва таблиғгарони занони мусалмон рӯзҳои ۲۳ ва ۲۴ апрели соли ۲۰۲۵ дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз торнамои Иттиҳоди уламои мусалмон, ин конфронс ба ибтикори Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон ва эътилофи донишмандону таблиғгарони зан баргузор мешавад ва гурӯҳе аз пажӯҳишгарони зан аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар он ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастае, ки дар ин конфронс ҳузур хоҳанд дошт, метавон ба шайх Алӣ Қаррадоғӣ (бо суханронии сабтшуда), муовини вай Асом Ал-Башир ва Соҷида Муҳаммад Абуфорис, раиси Эътилофи донишмандон ва таблиғгарони зан, ишора кард.

Ин конфронс бо ҳадафи таъкиди нақши муассир ва фаъоли занони донишманд ва таблиғгар дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф тавассути гуфтугӯи расонаӣ, иҷтимоӣ ва дифоӣ, ба вижа бо ҳузури чеҳраҳои барҷастаи зан дар заминаи ҳимоят аз Ғазза ва ироаи намунаҳои илҳомбахши истодагарӣ дар Ғазза ва минтақаҳои дигар, ба хусус пас аз амалиёти «Тӯфони озодагон» баргузор мегардад.

Мавзӯъоти муҳими конфронс дар се семинари асосӣ, як ҷаласаи тарҳҳо ва коргоҳҳои тахассусӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ин мавзӯъот иборатанд аз:

  • Семинари аввал: Нигоҳи ояндабин ба нақши раҳбарони фикрӣ дар муқобила бо чолишҳои мавзӯи Фаластин. Семинари дуввум: Ҷанбаҳои рӯёрӯии ҷаҳонии Сионизм ва таъсири он бар нақши донишмандон ва таблиғгарони зан. Семинари сеюм: Тавонмандсозии таблиғгарон ва донишмандон бо меъёрҳои гуфтугӯи муосир.

Коргоҳҳои тахассусӣ низ мавзӯъоти зеринро дар бар мегиранд:

  • Тавонмандсозии занони донишманду таблиғгар бо абзорҳои расонаӣ барои густариши огоҳӣ; Ҳарбияи иқтисодӣ ҳамчун абзори муассири муқовимат; Қобилияти ҳимоят ва дастгирии равонӣ аз толибилмон ва таблиғгарони зан.

 

https://iqna.ir/fa/news/4277902

captcha