IQNA

Малайзия худро мутааҳҳид ба таъмини сулҳу адолати пойдор дар Фаластин медонад

10:30 - April 26, 2025
рақами хабар: 3258
ИКНА - Муовини нахуствазири Малайзия дар умури мазҳабӣ изҳор кард, ки кишвараш ҳамчунон худро мутааҳҳид ба таъмини сулҳ ва адолат дар Фаластин медонад ва нақши худро дар ин замина идома хоҳад дод.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории Барнама, Зулкафл Ҳасан таъкид кард: мавқеъгириҳои Малайзия дар минбарҳои мухталиф, аз ҷумла Иттиҳоди кишварҳои ҷанубу шарқии Осиё (АСЕАН), Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баргирифта аз рӯйкарди стратегии чандҷонибаи ин кишвар мебошад, ки мутобиқ бо арзишҳои миллӣ ва усули ҷаҳонӣ шакл гирифтааст.

Ӯ афзуд: иқдомот ва сиёсати Малайзия бар асоси меъёрҳои миллӣ ва арзишҳое пеш меравад, ки аз маншаи ахлоқӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва усулҳои дипломатӣ сарчашма мегиранд.

Муовини нахуствазир, ки дар нишасти “Ба сӯи сулҳи пойдор дар Ғазза” сухан мегуфт, таъкид кард: Малайзия ҳимоятҳои худро аз Ғазза барои таъмини сулҳи одилона ва пойдор дар Фаластин идома медиҳад ва барои таҳрим алайҳи режими саҳюнистӣ, оташбас ва пойбандӣ ба қонунҳои байналмилалӣ дар масъалаи Фаластин даъват мекунад.

Ин нишаст бо ҳамкории Маркази байналмилалии таҳқиқоти пешрафтаи исломӣ дар Малайзия ва Академияи устодони Малайзия баргузор гардид. Дар он масъулони баландпоя, коршиносони сиёсӣ ва академикӣ, инчунин раҳбарони ҷомеаи маҳаллӣ, талошҳо барои сулҳи пойдор дар Фаластин ва абзорҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои рафъи бӯҳрони идомадори башарӣ дар Ғаззаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

https://iqna.ir/fa/news/4278117

captcha