Дар пайи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос ва ҷон бохтану осеб дидани теъдоде аз шаҳрвандони эронӣ, мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо судури паёмҳои ҷудогонае бо раҳбари ҶИЭ, давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд. Инфиҷори рӯзи шанбе дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос, токунун 28 ҷон бохта, 6 мафқудӣ ва 800 осебдида барҷой гузоштааст.
Бар асоси гузоришҳои аввалия, тимҳои имдодӣ ва нируҳои амниятӣ дар маҳал ҳузур доранд ва амалиёти баррасӣ ва имдодрасонӣ дар ҳоли анҷом аст; таҳқиқот ҷиҳати мушаххас шудани абъоди ин ҳодиса ҳамчунон идома дорад.
Раисҷмҳури ҶИЭ дастури баррасии сареи мавзуи ин ҳодисаро содир карда ва вазири кишвар ба намояндагӣ аз шахси Пизишкиён дар Бандар Аббос ҳузур пайдо кард ва дар соатҳои баъ, президенти ин кишвар ҳам аз наздик бо вазъият ошно шуд. Ҳамчунин вазири роҳ ва шаҳрсозӣ ва сарпарасти Созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ низ дар ин бандар истиқрор ёфтаанд.
Дар ин гузориш вокуниши кишварҳои мухталифи ҷаҳон нисбат ба ҳодисаи дилхароши Бандар Аббос дар қолаби “ибрози ҳамдардӣ ва омодагии онҳо барои кумак ба ҳодисадидагон” баррасӣ шудааст.
Ибрози ҳамдардии Созмони Милал бо мардум ва давлати Эрон дар пайии инфиҷор дар Бандар Аббос
Созмони Милали Муттаҳид дар пайи инфиҷори бузурги Бандари Шаҳид Раҷоӣ, бо мардум ва давлати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард ва таслият гуфт.
Истифон Дуҷорик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи инфиҷори рӯзи шанбе дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос Эрон гуфт: бо камоли таассуф аз теъдоди зиёди қурбониёни ношӣ аз инфиҷори 26 апрел дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос дар Ҷумҳурии Исломии Эрон огоҳ шудем.
Дуҷорик тасреҳ кард: маротиби таслият ва ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониён, мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз мекунем ва барои маҷрӯҳон орзӯи беҳбудии оҷил дорем.
Ибрози ҳамдардии Путин бо Эрон пас аз ҳодисаи Бандари Шаҳид Раҷоӣ
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар вокуниш ба ҳодисаи маргбори инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, ба раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, давлат ва мардуми ин кишвар таслият гуфт.
ТАСС гузориш дод, ки Путин дар паёме, ки дар торнмои Кремл мунташир шудааст, зимни ибрози ҳамдардӣ ва таслият ба Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб ва доктор Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ва миллат, тасреҳ кард, ки Маскав омодааст, то барои рафъи авоқиб ва мушкилоте, ки дар пайи ин ҳодиса ба вуҷуд омадааст, иқдомот ва кумакҳои лозимро анҷом диҳад.
Дар матни ин паём омадааст: «маротиби таслияти самимонаи моро барои ҷонбохтагон ва вайрониҳои густардаи ношӣ аз инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ бипазиред ва ҳамчунин лутфан маротиби ҳамдардӣ ва ҳимоятҳои моро ба хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса бирасонед. Орзӯи шифои оҷил барои ҳамаи маҷрӯҳон дорем.»
Дастури Путин барои эъзоми ҳавопаймоҳои русӣ ба Бандари Шаҳид Раҷоӣ
Раисҷумҳури Русия дастур дод то барои кумак ва шитоб дар раванди хомӯш кардани оташ дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, чанд фарванд аз ҳавопаймоҳои ин кишвар вориди амал шаванд.
Хабаргузори ТАСС гузориш дод дар паёме, ки сафорати Русия дар Теҳрон дар канали Телеграмии худ мунташир кард, эълон шуд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дастури эъзоми фаврии чанд фарванд ҳавопаймои вазорати шароити изтирорӣ ба Эронро барои кумак ба хомӯш кардани оташ дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ содир кард.
Дар матн ин паём омодааст: «дар посух ба дархости шарикони эронӣ, Владимир Путин дастур дод,ке чанд фарванд ҳавопаймои вазорати шароити изтирории Русия ҳамроҳ бо мутахассисони муҷарраб барои кумак ба хомӯш кардани оташ дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ ба Эрон фиристода шаванд.»
Думои Русия бо Эрон ибрози ҳамдардӣ кард
Раиси Думои давлатии Русия бо ирсоли паёме ба раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, маротиби таслияти худро ба хотири ҷон бохтани афрод дар ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоии Эрон эълон кард.
Виячислов Волудин, рӯзи якшанбе дар ин паём хитоб ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлис, бо хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.
Раиси Думои давлатии Русия зимни ҳамдардӣ бо хонаводаҳо ва дӯстони ҷонбохтагон, ибрози умедворӣ кард, ки маҷрӯҳони ин ҳодиса сареътар саломатии худро бозёбанд.
Паёми таслияти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар пайи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ
Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе, зимни ибрози ҳамдардии амиқ бо Эрон, ҳодисаи дардноки Бандари Шаҳид Раҷоии шаҳри Бандар Аббосро таслият гуфт ва бар истодагии худ дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.
Шабакаи хабарии Ал-Маёдин гузориш дод, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон дар пайи ҳодисаи ногувори инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоии шаҳри Бандар Аббос, бо интишори баёнияи расмӣ, таслияти худро ба раҳбари инқилоби исломӣ, раисҷмҳур, давлат, миллати бузург Эрон ва хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса иброз дошт.
Ҳизбуллоҳ бо изҳори ҳамбастагии амиқ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Худованди Мутаол барои ҷонбохтагони ин ҳодиса, раҳмат ва мағфирати илоҳӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил масъалат кард.
Таъкиди Ироқ бар тақвияти ҳамкории минтақаӣ пас аз ҳодисаи Бандари Шаҳид Раҷоӣ
Вазорати корҳои хориҷаи Ироқ дар пайи вуқӯъи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос, зимни ибрози ҳамдардӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати тақвияти ҳамкории минтақаӣ таъкид кард.
Хабаргузори Ироқ гузориш дод, ки вазорати корҳои хориҷаи Ироқ дар баёнияе дар пайи вуқӯъи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос, бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.
Дар ин баёния омадааст: Ҷумҳурии Ироқ зимни ибрози таслият ба давлат ва миллати Эрон, бар истодагӣ дар канори онҳо дар ин лаҳзаҳои дарднок таъкид кард ва ҳамдардии амиқи худ бо хонаводаҳои қурбониёнро эълон мекунад ва барои захмиҳои ин ҳодиса низ шифои оҷил орзӯ мекунад.
Вазорати корҳои хориҷаи Ироқ ҳамчунин бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои муқобила бо чолишҳои фаврӣ таъкид ва омодагии худро барои ироаи ҳаргуна кумак ҷиҳати коҳиши асароти ин фоҷиа эълон кард.
Ҳамдардии Иқлими Курдстони Ироқ дар пайи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ
Ничирвон Боризонӣ, раиси Иқлими Курдстони Ироқ дар паёме ҳодисаи инфиҷори Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббосро ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, мардуми Эрон ва хонавода ва бастагони қурбониён таслият гуфт.
Дар пайи ҳодисаи инфиҷор дар Бандар Аббос, Ничирвон Идрис Боризонӣ бо мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ кард ва дар паёми таслиятие навиштааст: амиқтарин таслиятҳоро ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, мардуми Эрон, хонавода ва бастагони қурбониёни инфиҷори Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббос тақдим мекунем. Дар ин нороҳатӣ ва ғам ҷонкоҳ, шарики ғаматон ҳастем.
Дар идомаи паёми таслияти раиси Иқлими Курдстони Ироқ омадааст: аз Худованди бузургмартаба мехоҳем рӯҳи даргузаштагонро мавриди раҳмат ва меҳрубонии худ қарор диҳад ва сабру шикебоиро ба ҳамагон ато фармояд.
Умедворем, ки маҷрӯҳони ин ҳодиса низ ҳарчӣ зудтар шифо пайдо кунанд; саломатӣ ва оромишро низ барои миллати дӯсти Эрон орзӯмандем.
Арабистон: омодаи кумак ба бародарони эронӣ ҳастем
Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ низ дар баёнияе зимни таслият ба муносибати ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, таъкид кард: омодаи ироаи ҳаргуна кумак ба бародарони эронӣ ҳастем.
Пойгоҳ иттилоърасонии вазорати хориҷаи Арабистон гузориш дод, ки ин кишвар дар ин баёния ҳодисаи инфиҷор дар Бандар Аббос дар ҷануби Эронро, ки ба кушта ва захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандони эронӣ анҷомид, таслият гуфт ва бо Ҷумҳурии Исломии Эрон эълони ҳамбастагӣ кард.
Вазорати хориҷаи Арабистон дар идомаи ин баёния ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса таслият гуфт ва зимни ибрози ҳамдардӣ бо онҳо, барои захмиҳо ва осебдидагони ин ҳодиса шифои оҷил орзӯ кард.
Урдун ҳодисаи дардноки Бандари Шаҳид Раҷоиро таслият гуфт
Ба думболи вуқӯъи ҳодисаи инфиҷор дар Бандар Аббос вазорати хориҷа ва умури муҳоҷирони Урдун дар паёме таслият ва ҳамдардии худро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кард.
Хабаргузори расмии Урдун гузориш дод, ки вазорати хориҷаи ва умури муҳоҷирон Урдун дар ин паём кушта ва захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандон дар ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббосро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон таслият гуфт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Урдун низ бар ҳамдардӣ ва ҳамбастагии комили ин кишвар бо Эрон дар ин ҳодисаи дарднок таъкид кард.
Таслияти Куба ба миллат ва давлати Эрон
Берно Родригез Порило, вазири хориҷаи Куба ба думболи вуқӯъи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос дар паёме ба миллат ва давлати Эрон таслият гуфт.
Родригез Порило дар паёме дар канали Телеграми худ навишт: мо маротиби таслияти амиқи худро ба миллат ва давлати Эрон ба хотири инфиҷоре, ки дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар ҷануби ин кишвар рух дод, иброз мекунем ва ба хонаводаҳои даргузаштагон ва маҷрӯҳони ин ҳодиса таслият мегӯем.
Туркия ҳодисаи Бандари Шаҳид Раҷоиро таслият ва барои кумак ба ҳодисадидагон эълони омодагӣ кард
Вазорати хориҷаи Туркия дар паёме дар ҳисоби корбарии худ дар расонаи иҷтимоии Х навишт: бо андӯҳи фаровон огоҳ шудем, ки дар инфиҷоре, ки рӯзи шанбе (26 апрел) дар Бандар Аббос дар устон Ҳумузгони Эрон рух дод, афроди бисёре ҷони худро аз даст доданд ва шумори дигаре низ маҷрӯҳ шуданд.
Дар идомаи ин паём омадааст: мо ба хонаводаҳои қурбониён ва мардуми Эрон таслият гуфта ва орзӯ мекунем маҷрӯҳони ин ҳодиса ҳарчӣ сареътар беҳбуд ёбанд.
Паёми таслияти давлати Некорогуэ ба мақоми муаззами раҳбарӣ ва миллати Эрон дар пайи ҳодисаи Бандари Шаҳид Раҷоӣ
Давлати Некорогуэ дар баёнияи расмӣ дар пайи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар Бандар Аббос, маротиби таслият ва ҳамдардии худро бо миллати бародар ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз кард.
Хабаргузори Лотино гузориш дод, ки дар чорчуби вокунишҳои байналмилалӣ ба ҳодисаи ногувори инфиҷор дар Бандар Аббос, давлати Некорогуэ дар баёнияе хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури ин кишвар эълон кард: маротиби амиқи таслият ва ҳамдардии худро ба муносибати ҷон бохтани ҷамъе аз мардум ва орзӯи шифои оҷил барои беш аз 700 маҷрӯҳи ҳодисаи инфиҷор дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббосро иброз медорем.
Дар идомаи ин баёния омадааст: монанди ҳамеша миллат ва давлати Некорогуэ ва ҳамаи мо дар канори миллат, давлат ва бародарони азизамон, Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва доктор Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон истодаем.
Идомаи бозтоби хабарӣ ва вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ҳодисаи талху дардноки инфиҷори Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар бахши дигар баррасӣ хоҳад шуд.