Амирулмӯъминин (а) дар ривояте мефармоянд: أَقْوَى النَّاسِ إِیمَاناً أَكْثَرُهُمْ تَوَكُّلًا عَلَى اللَّهِ яъне, Қавитарин мардум аз лиҳози имон касест, ки бештар аз дигарон ба Худо таваккул дорад; ҳар кӣ таваккули бештар дошта бошад, нишон медиҳад, ки Худоро беҳтар шинохтааст ва имонаш комилтар аст.
Барои таваккул метавон маротибе дар назар гирифт, ки се марҳалаи аввали он чунин аст:
1. Таваккул дар бартараф кардан ва дур намудани монеаҳо
Марҳалаи бисёр заифи таваккул аз ин шинохт сарчашма мегирад, ки Худованди Мутаъол дар ин олам воситаҳо ва сабабҳоеро фароҳам кардааст ва ба мо низ тавоноиҳое мисли қудрати фикр кардан ва амал кардан ато фармудааст, аммо ҳамзамон метавонад таъсири ин қудратҳоро аз мо бигирад. Ин таваккул маъно дорад, ки ҳангоми истифода аз неъматҳо бидонем ва ёд кунем, ки Худованд метавонад моро аз он неъматҳо маҳрум созад. Ба таври дигар, дар бартараф кардан ва дур кардани монеаҳо ба Худо таваккул кунем.
2. Таваккул дар сабабҳое, ки берун аз ихтиёри инсон аст
Марҳалаи болотари таваккул ин аст, ки инсон дарк мекунад барои амалӣ шудани ҳар хоҳиш ва орзуяш шартҳои зиёде лозим аст, ки бисёре аз онҳо дар ихтиёри ӯ нест. Бинобар ин, инсон воситаҳоеро, ки дар даст дорад, ба кор мебарад, аммо барои шароите, ки аз доираи дониш ё тавоноии ӯ берун аст, ба Худо таваккул мекунад. Ба сухани дигар, ин марҳала таваккул дар фароҳам шудани он шароите аст, ки берун аз ихтиёри инсон аст.
3. Таваккул бар ҳаракатдиҳандаи силсилаи сабабҳо
Метавон сабабҳо ва авомили оламро мисли ҳалқаҳои як занҷир тасаввур кард, ки охири он дар дасти Худованд аст ва Ӯ ҳамчун ҳаракатдиҳандаи асосии ин занҷира таъсиргузор аст; ба тавре ки агар Худованд ҳалқаи аввали занҷирро ба ҳаракат дарнаоварад, ҳалқаҳои баъдӣ низ ҳаракат намекунанд. Бинобар ин, бояд ба Худо эътимод дошт, ки ин силсиларо ба ҳаракат меоварад ва сабабҳоро таъсиргузор қарор медиҳад. Дар ин марҳала инсон дарк мекунад, ки ҳатто он сабабҳое, ки зоҳиран дар ихтиёри ӯст, танҳо ҳалқаҳое аз як занҷири бузурганд, ки оғозаш дар дасти қудрати Худост. Албатта, маротиби болотари таваккул низ вуҷуд доранд.