Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи Ал-Ҷарида, Салмон ибни Султон, амири Мадина, ҳамроҳ бо Муҳаммад ибни Абдулкарими Ал-Исо, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии Ислом бо ҳузур дар маҳалли Осорхонаи байналмилалии сираи Паёмбар (с) дар канори масҷиди Паёмбар (с), бахшҳои нав ва фанноваронаи ин маркази диданиро расман ифтитоҳ карданд.
Лоиҳаи осорхонаҳои сираи набавӣ, ки маркази он дар Мадинаи мунаввара қарор дорад ва зери мудирияти Иттиҳодияи ҷаҳонии Ислом фаъолият мекунад, ба далели нақши муҳиме ки дар хидмат ба Қуръони Карим ва суннати набавӣ дорад, мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати Арабистон ва идораи Ҳаромайн қарор гирифтааст.
Ин бахши нав бо номи «Анвор ва Осори Тайиба» як намоишгоҳи мустанад ва муосир бо 20 ғурфа (бахш) аст, ки муҳимтарин осор, нишонаҳои таърихӣ, тамаддунӣ ва иҷтимоии Мадинаи мунаввара дар замони Паёмбар (с)-ро ба намоиш мегузорад. Дар ин бахш, як ғурфаи панорамавӣ низ сохта шудааст, ки тавассути он сохтмони масҷиди Паёмбар ва ҳуҷраи Расули Акрам (с) дар он замон шабеҳсозӣ (симулятсия) шуда, лаҳзаҳое аз зиндагии рӯзмарраи Паёмбари Ислом ба таври мутақобила (интерактивӣ) ба тамошобинон нишон дода мешавад — гӯё ҳар боздидкунанда лаҳзаҳое аз рӯзгори Расули Акрам (с)-ро таҷриба мекунад ва иттилооти арзишмандеро аз сираи набавӣ ба даст меорад.
Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба пешрафти фанновариҳои рақамӣ, платформае бо номи «Итиҳоф» ифтитоҳ шуд. Ин платформа ба боздидкунандагон имкон медиҳад, ки бо истифода аз саёҳатҳои маҷозӣ (виртуалӣ) бо сираи Паёмбар ошно шаванд, китобхонае иборат аз 350 асар ва маҷаллаи илмӣ ва маърифӣ дар хидмати Қуръон ва суннатро, ки ба забонҳои муҳими байналмилалӣ тарҷума шудаанд, мутолиа кунанд ва ба навтарин осори чопшуда, ахбор ва иттилооти лозим дар бораи сираи набавӣ тавассути абзори муосир дастрасӣ дошта бошанд.