IQNA

Мушорикати 50 кишвар дар чаҳорумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карбало

15:45 - April 30, 2025
рақами хабар: 3281
ИКНА - Остони Ҳусайнӣ эълом кард, ки то кунун 50 кишвар барои ширкат дар чаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон бо номи «Ҷоизаи Карбало» номнавис кардаанд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Остони Ҳусайнӣ, ин мусобиқот ба ҳаммати Дорулқуръони Остони Ҳусайнӣ дар се бахш — тиловат, ҳифз ва тафсири Қуръон — баргузор мешавад ва шумори кишварҳое, ки то ҳол барои ширкат дар он изҳори омодагӣ ва сабти ном кардаанд, ба 50 кишвар расидааст.

Висом Назир Ал-Далфӣ, масъули Маркази расонаи қуръонии Дорулқуръони Остони Ҳусайнӣ, дар ин бора гуфт: шумори ширкаткунандагон дар чаҳорумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷоизаи Карбало ба 468 нафар расидааст, ки 263 нафар дар бахши ҳифз, 156 нафар дар тиловат ва 49 нафар дар бахши тафсир ширкат доранд.

Ӯ афзуд: муҳлати номнависӣ барои ширкат дар ин мусобиқот 1 майи 2025 (11 ордибиҳишти 1404) поён хоҳад ёфт ва мусобиқот вориди марҳилаи арзёбӣ ва гурӯҳбандӣ тавассути кумитаҳои доварии тахассусӣ мешавад.

Далфӣ тавзеҳ дод: Миср бо 41 нафар дар садри кишварҳои ширкаткунанда қарор дорад ва кишварҳои Ироқ бо 37 нафар, Эрон бо 29 намоянда, Нигерия бо 28 ширкаткунанда ва Индонезия бо 20 намоянда дар ҷойҳои баъдӣ аз лиҳози теъдоди ширкаткунанда қарор доранд.

Ӯ таъкид кард: ин омор нишондиҳандаи истиқболи рӯзафзуни байналмилалӣ аз ин мусобиқот ва мақоми шаҳри муқаддаси Карбало ҳамчун маркази ҷаҳонии фаъолиятҳои қуръонӣ мебошад.

Висом Назир Ал-Далфӣ инчунин гуфт: кумитаҳои тахассусии мусобиқот пас аз поёни муҳлати номнависӣ ба фаъолият оғоз мекунанд ва сипас натиҷаҳои марҳилаи муқаддамотӣ барои оғози марҳилаи ниҳоии мусобиқот эълом хоҳад шуд.

Ӯ изҳор дошт: ин мусобиқот як гирдиҳамоии ҷаҳонии қуръонӣ дар роҳи таҳкими пайванди бародарӣ ва ваҳдати исломӣ зери парчами Қуръони Карим аст ва Остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар ростои хизмат ба «Сақли акбар» (Қуръон) ва тақвияти фарҳанги қуръонӣ дар миёни наслҳои мухталиф ба нақши худ амал мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷоизаи Карбало ҳамасола бо назорати Остони Ҳусайнӣ баргузор мешавад ва аз бузургтарин мусобиқоте аст, ки қориён, ҳофизон ва муфассироне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар он ҳузури густарда доранд.

Қарор аст марҳилаи ҳузурии ин мусобиқот ҳамзамон бо иди саиди Ғадир Хум дар Карбалои муъалло баргузор шавад.

https://iqna.ir/fa/news/4279359

captcha