Дар ин ғурфа ҳамчунин маҷмуаи нашрияҳои Маҷмаи чоп ва нашри Қуръони Карим «Малик Фаҳд» аз ҷумлаи тарҷумаҳои Қуръон, нусхаҳо бо андозаҳои гуногун ва китобҳои илмии гуногуни Вазорати умури исломии Арабистон ба маърази намоиш гузошта шудааст.
Пешкаши барномаҳои электронии мутаъомил (интерактивӣ) ва барномаҳои омӯзишӣ, аз ҷумлаи барномаи сеандозаи Ҳаҷ ва Умра ва зиёрати маҷозии Масҷидул-Ҳаром дар Макка ва Масҷидун-Набӣ (с) дар Мадина бо истифода аз фанноварии воқеияти маҷозӣ (VR) аз бахшҳои дигари ғурфаи Арабистон дар ин рӯйдоди фарҳангӣ аст.
Вазорати умури исломии Арабистон бо ҳадафи муаррифии талошҳои ин кишвар дар хидмат ба Қуръон, Ислом ва мусалмонон дар намоишгоҳҳои китоб дар кишварҳои гуногун ширкат мекунад ва ба ҳамин манзур дар сиюнӯҳумин Намоишгоҳи байналмилалии китоб маҳсулоти худро арза ва ба тақсими Қуръон иқдом кардааст.
Сиюнӯҳумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Тунис аз 25 апрели 2025 дар Қасри намоишгоҳҳои ин кишвар дар минтақаи «Ал-Карам» бо шиори «Бихонем то бисозем» оғоз шуда, фардо, 4-уми майи 2025 ба кори худ поён медиҳад.
Дар ин намоишгоҳ 29 кишвар ҳузур доранд ва Чин меҳмони фахрии ин рӯйдоди фарҳангист, ки дар фазое беш аз 500 метри мураббаъ бо мушорикати 40 маркази нашрии чинӣ ғурфаи худро бо барномаҳои гуногун баргузор намудааст.