Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Daily Trust, мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Нигерия бо ширкати қориён аз 20 кишвар баргузор хоҳад шуд.
Муҳаммад Башир, сухангӯи кумитаи баргузории мусобиқот, изҳор дошт, ки ин рӯйдод аз сӯи Бунёди Маҷолиси Аҳли Қуръон ташкил шудааст.
Ин мусобиқот бо ибтикори Муҳаммад Адам Алкалӣ, намояндаи пешини Маҷлиси иёлати Плато, барномарезӣ шудааст ва қарор аст дар моҳи августи соли 2025 (баробар бо моҳи морди соли ҷорӣ) баргузор гардад.
Ин рӯйдод дар шаҳри Ҷос — маркази иёлати Плато — оғоз ёфта, марҳилаи ниҳоии он дар шаҳри Абужа, пойтахти Нигерия баргузор мешавад.
Алкалӣ дар як нишасти хабарӣ аз пуштибонии қавии Маркази мутолиоти исломии Донишгоҳи Усмон Данфодиу дар шаҳри Сокото барои баргузории ин мусобиқот изҳори қадрдонӣ кард.
Ӯ дар баёнияи худ таъкид кард, ки ҳадафи асосии ин мусобиқот тарвиҷи арзишҳои исломӣ ва таҳкими ваҳдат миёни мусалмонон мебошад ва Қуръони Каримро чароғи роҳнамои мусалмонон дар расидан ба зиндагии бо маъно донист.
Гованӣ Содиқ Замфора, раиси кумитаи баргузории мусобиқот, низ дар мавриди омодагиҳо таъкид кард, ки ҳамаи барномарезиҳо дар масири дуруст қарор доранд, то ин рӯйдод бо муваффақият баргузор гардад.
Интизор меравад, ки намояндагони кишварҳои зерин дар мусобиқот ширкат кунанд:
Нигерия, Камерун, Гана, Чад, Сенегал, Кения, Танзания, Мавритания, Ниҷер, Миср, Марокаш, Либия, Алҷазоир, Арабистони Саудӣ, Қувайт, Қатар, Малайзия, Бритониё, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.