IQNA

Тақсими беш аз 5000 нусха Қуръон дар Намоишгоҳи китоби Абузабӣ

8:22 - May 06, 2025
рақами хабар: 3302
ИКНА - Вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ беш аз 5000 нусха Қуръонро миёни боздидкунандагони Намоишгоҳи байналмилалии китоби Абузабӣ 2025 тақсим кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз spa.gov.sa, ин нусхаҳои Қуръон аз тарафи Вазорати умури исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистон, дар ростои талошҳои ин вазоратхона барои интишори паёми исломӣ ва таҳкими ҳузури Арабистон дар рӯйдодҳои байналмилалӣ, миёни боздидкунандагони Намоишгоҳи байналмилалии китоби Абузабӣ тақсим шуданд.

Ин нусхаҳо аз осори Маҷмаи чоп ва нашри Қуръони «Малик Фаҳд» дар шаҳри Мадина буда, бо назорати гурӯҳе аз уламо ва мутахассисони улуми Қуръонӣ ва бо қироатҳои гуногун, мутобиқ бо муҳити кишварҳо ва ҷомеаҳои исломии ҷаҳон интишор ёфтаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Абузабӣ 2025 аз 26-уми апрел (6-уми урдибиҳишт) ба ибтикори Маркази забони арабии Абузабӣ оғоз ёфта, имрӯз, 5-уми май (15-уми урдибиҳишт), ба кори худ поён медиҳад.

Баргузории барномаҳои қуръонӣ дар намоишгоҳи китоби Масқат

Гузориши дигар ҳокӣ аз он аст, ки Вазорати умури исломии Арабистон дар 29-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Масқат дар Уммон ширкат карда, барномаҳои гуногун ва ҷолиби қуръониро барои боздидкунандагон, ба хусус кӯдакон ва хонандагон, иҷро намудааст.

Боздидкунандагони гӯшаи Арабистон дар ин намоишгоҳ бо марҳалаҳои чопи Қуръон ва усули арзёбии дақиқи нусхаҳо қабл аз чоп дар Маҷмаи чоп ва нашри Қуръони «Малик Фаҳд» шинос шуданд ва бо фанновариҳои навини ин маҷмаъ дар заминаи чопи Қуръон ошно гардиданд.

Ҳамчунин, «Дорин Насирӣ», кӯдаки уммонӣ аз як мактаби ибтидоӣ дар ин кишвар, оятҳое аз ҷузъи 30-и Қуръонро дар гӯша барои ҳозирон тиловат кард ва нусхаҳое аз Қуръони Маҷмаи чопи Қуръон ба кӯдакони ҳамроҳи муаллимонашон тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, 29-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Масқат аз 24-уми апрел (4-уми урдибиҳишт) оғоз шуда, то рӯзи шанбе, 13-уми урдибиҳишт, идома дошт.

https://iqna.ir/fa/news/4280388

captcha