IQNA

Балх соҳиби мадрасаи динӣ ва масҷиди нав мешавад

8:24 - May 06, 2025
рақами хабар: 3303
ИКНА - Корҳои сохтмони мадрасаи динӣ ва масҷид дар ноҳияи Чаҳорболаки вилояти Балх бо ҳузури кормандони Вазорати амри ба маъруф ва наҳйи аз мункари Афғонистон оғоз гардид.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории Бохтар, Мавлавӣ Нурмуҳаммад Ҳаққонӣ, раиси Вазорати амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, дар маросими оғози сохтмон иброз дошт, ки то кунун садҳо мадраса ва масҷид бо кӯшиши мардум ва масъулони Иморати исломӣ дар саросари кишвар бунёд ёфтааст.

Ҳаққонӣ мадрасаҳо ва масоҷидро маркази илм, пешрафт ва тавсеаи ҷомеа дониста, таъкид кард, ки дар бист соли гузашта ҳеҷ гуна хидмате барои ин марказҳо анҷом нашудааст.

Мавлавӣ Муҳаммадуллоҳ Сабовун, яке аз уламои ноҳияи Чаҳорболак, гуфт, ки сохтмони ин мадраса ва масҷид нахуст дар замони ҳокимияти аввалини Иморати исломӣ оғоз шуда буд, аммо бо дахолати ишғолгарон қатъ гардид.

Ӯ афзуд, ҳоло бо ҳокимияти низоми исломӣ ва пуштибонии мардум, корҳои сохтмон дубора шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи вай, ин тарҳ иборат аз сохтмони як масҷид ва як мадрасаи динӣ буда, дар замини ба масоҳати 4 ҷариб (ҳудуди 0.8 гектар) ва бо арзиши 10 миллион афғонист, бо ҳамкории мардум ва тоҷирони маҳаллӣ амалӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон, сокинони Балх аз ин иқдом истиқбол карда, сохтмони ин масҷид ва мадрасаи динро қадаме муҳим дар роҳи боло бурдани огоҳии ҷавонон арзёбӣ карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4280393

captcha