IQNA

Эҳдои маҷмӯаи 80-ҷилдии тафсири «Тасним» ба ҳарами ҳазрати Алӣ (а) + акс

0:06 - May 11, 2025
рақами хабар: 3323
ИКНА - Бо ҳузури Оятуллоҳ Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, маҷмӯаи комили тафсири 80-ҷилдии «Тасним», ки ба қалами ишон таълиф шудааст, ба ҳарами ҳазрати ҳазрати Алӣ (а) эҳдо гардид.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, субҳи рӯзи ҷумъаи 10 май, Оятуллоҳил-узмо Ҷаводии Омулӣ, аз мароҷеи тақлиди шиъаён, дар дидор бо Сайид Исо Хуросон, таволияти ҳарами Имом Алӣ (а), пас аз шунидани гузориши ӯ, изҳор дошт: «Худовандро шукр гӯед, ки шуморо ба хидмат дар ин мақоми муқаддас муваффақ намудааст. Шумо дар остоне хидмат мекунед, ки ҳампои Қуръони Карим аст».

Ишон бо ишора ба хадамоти густурдаи остони алавӣ ба зоирони атабот, ба вижа дар айёми Арбаин, таъкид кард: «Маросими бошукӯҳи Арбаин, ҷузъи ибодат буда, як ҳаракати сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ ҳаст, ки боиси ваҳдат ва ҳамбастагии уммати Ислом мегардад».

Ҷаводии Омулӣ ҳамчунин афзуд: «Қуръон ва Аҳли байт ҳамеша меҳвари ваҳдати мусалмонон ҳастанд».

Сайид Исо Хуросон низ дар ин мулоқот бо изҳори хушнудӣ аз ҳузури ин фақеҳи барҷаста дар Наҷаф, гуфт: «Мо ҳама дар канори суфраи Аҳли байт нишастаем ва ба хидмат ба зоирони ишон ифтихор мекунем. Маросими Арбаин ҳар сол бошукӯҳтар аз пеш баргузор мегардад ва абъоди фарҳангӣ ва эътиқодии он рӯ ба густариш аст».

Ӯ бо ишора ба наздик шудани маросими бузургдошти ҳазорсолагии ҳавзаи илмии Наҷаф иброз дошт: «Дар саросари ҷаҳон камтар маркази илмие ёфт мешавад, ки ҳазор сол бидуни таваққуф ба башарият хидмат карда бошад».

Ёдовар мешавем, Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ рӯзи гузашта ба қасди зиёрати атботи муқаддас раҳсипор шуда, зиёрати марқади мубораки ҳазрати Алӣ (а) ва дигар пешвоёни маъсум (а) дар Карбало, Козимайн ва Сомирро дар барномаи худ дорад.

آیت‌الله العظمی عبدالله جوادی آملی از مراجع معظم تقلید شیعهآیت‌الله العظمی عبدالله جوادی آملی از مراجع معظم تقلید شیعهدوره کامل تفسیر ۸۰ جلدی تسنیم به حرم امیرالمؤمنین (ع) اهدا می‌شود

 

 

 

 

 

 

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4281327

captcha