IQNA

Баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср ба ёди устод Шаҳҳот

7:57 - May 12, 2025
рақами хабар: 3327
ИКНА - Сиюдувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср бо гиромидошти номи устод Шаҳҳот Муҳаммад Анвар, қории маъруфи Миср ва ҷаҳони Ислом баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Дорулмаъориф», Усома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср эълом кард, ки ин даври мусобиқот дар моҳи декабри соли 2025 милодӣ (ҷимодулохири 1447 ҳиҷрии-қамарӣ, баргузор хоҳад шуд ва дар он аз қориёни барҷастаи Миср ба хотири тиловатҳои ҷаззоб ва таъсиргузори онҳо дар ҷаҳони Ислом қадрдонӣ ба амал меояд.

Ӯ бо номгузории ин даври мусобиқоти Қуръони Миср ба номи устод Шаҳҳот Муҳаммад Анвар мувофиқат кардааст.

Аз ҷумлаи риштаҳои ин мусобиқот метавон ба инҳо ишора кард:

  • Ҳифзи Қуръон ба ривояти Ҳафс аз Осим бо таҷвид, тафсир ва шарҳи сабабҳои нузули оятҳо; Ҳифзи Қуръон ба ривояти Ҳафс аз Осим бо таҷвид, махсус барои ғайри арабзабонон; Ҳифзи Қуръон ба ривояти Ҳафс аз Осим ё Варш аз Нофиъ (ё ҳар ду ривоят) бо таҷвид ва тафсир ва риояи ҷанбаҳои забонӣ; Ҳифзи Қуръон бо тафсири ду ҷузъи охир (29 ва 30) бо истифода аз китоби «Ал-Баён ала-л-Мунтахаб фи Тафсирил Қуръонил-Карим»; Қироати Қуръон бо садои зебо ва таҷвид, ҳамроҳ бо ҳифз ва тафсир ва шарҳи сабабҳои нузули оятҳо; Риштаи вижаи маълулон: ҳифзи Қуръон ба ривояти Ҳафс ё Варш (ё ҳар ду) бо тафсири ҷузъи 30 бо истинод ба китоби зикршуда; Риштаи вижаи хонаводаҳои қуръонӣ: ҳифзи Қуръон бо дарки мафҳумҳо ва ҷанбаҳои забонии он; Риштаи қироатҳо: ҳифз ва таҷвиди Қуръон бо қироатҳои ҳафтгонаи суғро ба шеваи Шотибия ва тавзеҳи ин қироатҳо.

Гуфтанист, ки даврҳои мухталифи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср ҳамеша ба ёди қориёни бузурги ин кишвар баргузор шудааст. Масалан, даври бистушашум ба номи шайх Маҳмуд Халил Ҳусарӣ ва даври бистуҳафтуми он ба номи устод Абдулбосит Абдуссомад баргузор гардида буд.

https://iqna.ir/fa/news/4281543

captcha