Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Иттиҳодияи радио телевизионҳои исломӣ, Чидем Тупҷуғлу, хонуми муқовим ва фаъоли сиёсӣ аз кишвари Туркия, ки тамоми умри худро сарфи ҳимоят аз Фаластин ва ҷараёни муқовимат карда буд, даргузашт.
Ӯ ҳамсари шаҳид Четин Тупҷуғлу буд — омӯзгори фидокоре, ки дар ҷараёни ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба корвони байналмилалии озодии Ғазза дар соли 2010 ба шаҳодат расид ва худи Чидем низ дар он ҳодиса маҷрӯҳ шуда буд.
Ин бонуи хастанопазир, 28 сол бо муҳаббат ва фидокорӣ дар канори ҳамсараш зиндагӣ кард ва пас аз шаҳодати ӯ низ бо иродаи қавӣ парчами дифоъ аз ормонҳои адолатхоҳонаро бар душ гирифт ва дар ин роҳ устувор монд.
Шаҳид Четин Тупҷуғлу ва ҳамсараш Чидем, бо нияти холис ва барои дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза ва муқобила бо зулм ва истикбори ҷаҳонӣ дар корвони озодии Ғазза ширкат карда, бо заҳмат ба киштии «Мавӣ Мармара» роҳ ёфтанд.
Тупҷуғлу дар як ривояти дарднок аз охирин лаҳзаҳои зиндагии муштаракашон гуфта буд:
«Дар лаҳзаҳои охир, қабл аз ҳамлаи низомиёни саҳюнист, мо ҷилеткаҳои наҷотро пӯшидем ва ба кӯмаки маҷрӯҳон шитофтем. Ҳангоми интиқоли маҷрӯҳон ба маконҳои амн, сарбозони исроилӣ ноҷавонмардона аз пушт ба ҳамсарам тир андохтанд ва ӯ дар ҳамон лаҳза ба шаҳодат расид.»
Пас аз он ҳодисаи талх, хонум Чидем Тупҷуғлу ҳеҷ гоҳ аз ормони Фаластин даст накашид ва ҳамеша дар сафи аввалини ҳомиёни ин миллати мазлум қарор дошт.
Ӯ бо ҳузури фаъол ва муассир дар маҷолиси байналмилалӣ, бахусус дар нишастҳои бонувони бедории исломӣ, ба фош сохтани ҷиноятҳои бешумори режими саҳюнистӣ мепардохт ва пайваста аз меҳвари муқовимат ҳимоят мекард.