Ба гузориши ИКНА ба нақл аз “Садо-ул-Балад”, Кристин Зоҳир Ҳанно, устоди масеҳӣ, машғули тадриси улуми исломӣ ба донишҷӯёни донишкадаи улуми исломии донишгоҳи Ал-Азҳар дар Порт-Саид аст, ки ин масъала нишондиҳандаи гуногунрангии фарҳангӣ ва динӣ дар Миср мебошад.
Кристин 23 сол қабл тасмим гирифт роҳи илмиро интихоб кунад, ки ниёз ба баррасии муфассали таълимоти дине дошт, ки ӯ онро напазируфта ва пайрави он набуд.
Муҳаммад Сайид Тантовӣ, шайхи пешини Ал-Азҳар, дар он замон аз ин тасмими Кристин ҳимоят кард ва чанд ҷумлае дар дархости таъйини ӯ навишт, ки масири зиндагии илмии ӯро дигаргун кард. Тантовӣ навишт: «Бо ростӣ ва адолат, ҳар кореро, ки лозим медонед, дар мавриди Кристин анҷом диҳед».
Бо ин дастур, Кристин фаъолияташро дар донишгоҳи Ал-Азҳар ҳамчун ёрдамчии омӯзгор дар бахши улуми исломӣ оғоз кард. Ин роҳ ҳамеша осон набуд ва ӯ бо чолишҳои зиёди илмӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд.
Бо вуҷуди ин, ӯ шоистагии худро собит намуд ва бо кӯшишу талош дар роҳи таҳсилоти улуми исломӣ пеш рафт. Ӯ дараҷаи магистр ва баъдан докторо гирифт ва соли 2006 ба унвони устоди муовин таъйин шуд. Қуллаи фаъолияти илмии ӯ ба даст овардани курсии устодӣ дар риштаи забони арабӣ ва улуми исломӣ дар соли 2023 буд.
Дар ҷараёни ин роҳ, Кристин худро танҳо ба фаҳми назариявии дини Ислом маҳдуд накард, балки амиқан дар он таҳқиқ намуд ва сураҳои Қуръон ва аҳодиси набавиро ҳифз кард.
Ӯ ҳар гуна имтиёз ё истиснорое, ки ба хотири динаш ба ӯ дода мешуд, рад мекард ва исрор меварзид, ки бар асоси шоистагиаш доварӣ шавад, на бар асоси табъиз.
Кристин дар гуфтугӯ бо расонаҳо таъкид кард, ки фаъолияти ӯ дар тадриси Ислом барои ӯ таҷрибаҳои муҳими инсонӣ ва ахлоқӣ фароҳам овард. Ӯ гуфт, ки моҳияти ҳамаи адён яксон аст ва бар асоси ташкили низоме аз арзишҳо ва эҳтироми мутақобили миёни мардум қарор дорад.
Ин устоди масеҳӣ афзуд: ҳама чиз аз даҳаи 1990 оғоз шуд; замоне ки тасмим гирифтам дар риштаи забони арабӣ ва улуми исломӣ тахассус гирам ва устодон ва ҳамсабақонам аз ин тасмим бисёр тааҷҷуб карданд.
Вай гуфт: яке аз шартҳои фаъолият дар ин ришта, ҳифзи се сура аз Қуръон бо тафсири он буд ва ман сураҳои Нур, Исро ва Набаъро ҳифз кардам ва тавонистам ин шарти лозимро паси сар гузорам ва дар ин ришта таҳсил намоям.
Ин устоди масеҳии улуми исломӣ идома дод: вуруди ман ба ин ришта монеаҳои зиёде дошт, вале бо ҳимоят ва дастгирии хонавода, ҳамкорон ва дӯстони падарам бар мушкилот ғалаба кардам. Дӯстони падарам ба ман кумак карданд, ки сураҳои зиёди Қуръон ва аҳодиси набавиро ҳифз ва дарк намоям.
Кристин Ҳанно ёдовар шуд: вақте донишҷӯ будам, танҳо донишҷӯи масеҳӣ дар миёни 92 донишҷӯи мусулмон, ҳам духтар ва ҳам писар, будам. Ман бо баҳои хеле хуб ва бо ифтихор соҳиби ҷойи аввал шудам, зеро он чиро аз ман хоста буданд, ҳифз кардам. Бо вуҷуди он ки устодонам пешниҳод карданд, ки ман аз ҳифзи сураҳои Қуръон истисно шавам, аммо ман инро напазируфтам ва сураҳоро ҳифз кардам ва қироати Қуръонро бо тавҷиҳ (тартиб ва аҳком) хуб омӯхтам.
Ӯ изҳор дошт: дар тӯли тамоми таҳсилоти донишгоҳӣ, то соли чоруми донишгоҳ, ҳар сол шогирди аввали гурӯҳи забони арабӣ ва улуми исломӣ будам. Худованд ҳам ба ман кӯмак кард ва ҳамеша дар сафи аввал будам.
https://iqna.ir/00Hy0A