IQNA

Боло бурдани парда Хонаи Каъба дар остонаи фаро расидани мавсими ҳаҷ + акс

23:02 - May 14, 2025
рақами хабар: 3342
ИКНА - Дар остонаи фаро расидани мавсими ҳаҷҷи соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ, идораи масҷидулҳаром дар доираи омодасозии Хонаи Худо барои пазироии зиёраткунандагон, пардаи Каъбаро 3 метр боло бурд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории "Ахбори 24", Раёсати кулли умури масҷиди ҳаром ва масҷиди набавӣ эълом кард, ки ба манзури омодасозии масҷидуҳаром барои пазироии зоирони Хонаи Худо, қисмати поёнии пардаи Каъба ҷамъ шуда, 3 метр боло бурда шудааст.

Ин амалиёт шомили ҷамъ кардани қисмҳои поёнии парда, ҷудо кардани гӯшаҳо, боло бурдан ва собит кардани он дар баландии 3 метр ва сипас насби як матои сафеди махсус ва бозгардонидани чароғдонҳо (фонусҳо) ба ҷойи аслии худ мебошад.

Ин кор ҳар сол бо ҳадафи ҳифзи пардаи Каъба аз тамоси мустақими зиёраткунандагон ва пешгирӣ аз эҳтимоли осеб дидан, бахусус дар вақти тавоф ва издиҳоми зиёраткунандагон дар рӯзҳои ҳаҷ анҷом дода мешавад.

Амалиёти боло бурдани пардаи Каъба бо ширкат ва ҳамоҳангии гурӯҳҳои тахассусӣ ва бо риояи муҳтарамоти ин макони муқаддас дар асоси стандартҳои амниятӣ ва касбӣ иҷро шуда, қисмати боло бурдашуда бо матои пахтагии сафед бо паҳнои 2 метр пӯшида мешавад.

Дар идома, тасовире аз ин амалиёт ба намоиш гузошта шудааст.

 

https://iqna.ir/fa/news/4282368

captcha