Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории "Ахбори 24", Раёсати кулли умури масҷиди ҳаром ва масҷиди набавӣ эълом кард, ки ба манзури омодасозии масҷидуҳаром барои пазироии зоирони Хонаи Худо, қисмати поёнии пардаи Каъба ҷамъ шуда, 3 метр боло бурда шудааст.
Ин амалиёт шомили ҷамъ кардани қисмҳои поёнии парда, ҷудо кардани гӯшаҳо, боло бурдан ва собит кардани он дар баландии 3 метр ва сипас насби як матои сафеди махсус ва бозгардонидани чароғдонҳо (фонусҳо) ба ҷойи аслии худ мебошад.
Ин кор ҳар сол бо ҳадафи ҳифзи пардаи Каъба аз тамоси мустақими зиёраткунандагон ва пешгирӣ аз эҳтимоли осеб дидан, бахусус дар вақти тавоф ва издиҳоми зиёраткунандагон дар рӯзҳои ҳаҷ анҷом дода мешавад.
Амалиёти боло бурдани пардаи Каъба бо ширкат ва ҳамоҳангии гурӯҳҳои тахассусӣ ва бо риояи муҳтарамоти ин макони муқаддас дар асоси стандартҳои амниятӣ ва касбӣ иҷро шуда, қисмати боло бурдашуда бо матои пахтагии сафед бо паҳнои 2 метр пӯшида мешавад.
Дар идома, тасовире аз ин амалиёт ба намоиш гузошта шудааст.