Ба гузориши ИКНА бо иқтибос аз Раёсати фарҳангии Эрон дар Танзания; дирӯз, нишасти матбуотии барномаи гурӯҳи Қуръонӣ Маҳфил бо унвони «Танин-арҳамат» дар Танзания бо ҳузури Шайх Алҳодӣ Мусо, раиси Кумитаи сулҳ ва динҳои Танзания (JMAT), баргузор гардид.
Дар ин нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки барномаи Танин-арҳамат бо мақсади муттаҳид сохтани қалбҳои мусулмонон аз ҳамаи мазҳабу халқиятҳо анҷом мешавад, то ба гуфтаи Қуръон, ки «ҳамагон ба ресмони Худо часпед ва пароканда нагардед», амал шавад. Ин барнома дар ду шаҳри Дорусалом ва Танга баргузор мешавад, то дӯстдорони ин маҳфили Қуръонӣ аз он лаззат баранд. Ин нишасти матбуотӣ аз ҷониби мусулмонон (ахли суннат ва шиаҳо) бо хушқабулӣ рӯбарӯ гардид ва дар шабакаҳои гуногуни телевизионӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ васеъ инъикос ёфт.