IQNA

Маҳдудсозии вуруди мусалмонон ба бархе аз манотиқи рустоии Ҳинд

20:14 - May 25, 2025
рақами хабар: 3382
ИКНА - Бархе аз деҳот дар Ҳинд вуруди мусалмононро манъ карда ва онҳоро таҳрими иқтисодӣ намудаанд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, дар чанд ҳафтаи гузашта, чандин шӯрои деҳот дар иёлати ғарбии Маҳараштраи Ҳинд қарорҳое содир кардаанд, ки бар асоси он вуруди мусалмонон ба деҳаҳои онҳо манъ ва аъзои ақалияти мусалмон мавриди таҳрими иқтисодӣ қарор гирифтаанд.

Таҳрим ва маҳдудиятҳои нажодӣ дар минтақаи Пуна

Ин деҳот, ки дар минтақаи Пуна воқеъанд, талаб кардаанд: таҳрими иқтисодии мусалмонон, манъи иҷораи мағоза ба онҳо, ва манъи адои намоз аз сӯи мусалмонони дигар минтақаҳо дар масоҷиди деҳа.

Рӯзи 7 май, деҳаи Нир Датавадӣ ҳукме содир карда, дар он мусалмононро ба унвони "ҷиҳодӣ", "ифротгаро" ва "таассубгаро" тавсиф намуда ва талаб кард, ки аз лиҳози иқтисодӣ таҳрим шаванд.

Шӯрои деҳа дар изҳороте иддао кардааст:

«Ин тасмим ба хотири ҳифзи дарма (ҳиндӯия) гирифта шудааст... вақте шумори онҳо (мусалмонон) кам аст, худро хуб нишон медиҳанд, вале чун теъдодашон зиёд шавад, таҳдид мекунанд ва мушкил эҷод мекунанд. Мисли ҳамлаи ахир дар Кашмир».

Маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар дигар деҳот

·        Дар деҳаи Пиронгут, мусалмонони ғайри маҳаллӣ аз адои намоз дар масҷид манъ шуданд. Мақомот ҳузури онҳоро мухил дар назми умумӣ донистанд.
Дар фармон омадааст, ки фақат мусалмонони маҳаллӣ ҳаққи намозгузорӣ дар масҷидро доранд.

·        Дар деҳаи Гарада, шӯрои деҳа ҳукме содир карда, ки ба баҳонаи “фаъолиятҳои террористӣ”, намозгузории мусалмонони ғайри маҳаллӣ дар масҷидро манъ мекунад.

·        Ҳамин равиш дар деҳаҳои Готавади ва дигар манотиқи Маҳараштра низ мушоҳида шудааст.

Ташдиди озору азияти мусалмонон

Ин иқдомҳо нишонаи афзоиши фишор ва озору азияти мусалмонон дар ин минтақа аст, ки пас аз ҳодисаи ҳамла дар Кашмир, бештар шудааст.

Аҳли таҳлил бар инанд, ки чунин равишҳо на танҳо нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои мазҳабӣ ҳастанд, балки ба тафриқа ва нафратангезӣ дар ҷомеаи гуногунмазҳаби Ҳинд доман мезананд.

https://iqna.ir/fa/news/4284417

captcha