Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории ВАС (SPA), ин довталабон дар пуштибонӣ аз хадамоти имдодии Созмони Ҳилоли Аҳмар дар Маккаи Мукаррама ва Машоири муқаддаса, аз ҷумла Мино, Арафот ва Муздалифа фаъолият хоҳанд кард, то хадамоти лозимаро ба меҳмонони Хонаи Худо пешниҳод намоянд.
Довталабони марду зан шабонарӯзӣ дар минтақаҳои серрафтуомад, аз ҷумла Масҷидулҳаром, Масҷидуннабавӣ ва Машоири муқаддаса фаъолият мекунанд. Онҳо дар шакли тимҳои имдодӣ дар нуқтаҳои мухталиф мустақар шудаанд, то дар тамоми минтақаҳо меҳмонони Хонаи Худоро зери пӯшиши хадамоти худ қарор диҳанд.
Ширкати довталабон бахше аз барномаи стратегии Созмони Ҳилоли Аҳмар барои посухи пешгирикунанда ва ҳамоҳангии комил бо воҳидҳои имдодии фаъоли мавсими Ҳаҷ мебошад. Ин иқдом нишондиҳандаи эҳсоси масъулияти амиқи ин созмон ба рисолати башардӯстонаи худ ва талош барои пешниҳоди беҳтарин хадамот ба меҳмонони Хонаи Худо аст.