Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, ҳадафи ин тарҳ, ки ба забони арабӣ бо унвони «Дурус минал-Қуръон: Дарсҳое аз Қуръон» ва бо шиори «Қуръон ҳанӯз хонда нашудааст» дар платформаҳои Ютуб ва Телеграм оғоз шудааст, эҳёи фарҳанги тадаббур дар Қуръон ва фаҳми каломи ваҳй бо равише нав ва мувофиқ бо асри рақамист.
Масъулони ин тарҳ, ки беш аз шаш моҳ аз оғози он мегузарад, гуфтаанд, ки маводи ин канал ҳар рӯз аз сӯи се ҳазор корбар дар шабакаҳои иҷтимоии Ютуб ва Телеграм дидан мешавад.
Онҳо бар ин боваранд, ки гарчанде Қуръон унсури марказӣ дар зиндагии мусалмонон аст, аммо муомила бо он бештар ба тиловат ва ҳифз маҳдуд шуда ва бо вуҷуди вуҷуди беш аз 280 тафсир, ин тафсирҳо ба ҷойи он ки хонандаро ба дарки амиқтар наздик кунанд, онҳоро ба шубҳа ва сардаргумӣ меандозанд. Ба гуфтаи онҳо, бештари тафсирҳо рӯи ҷиҳатҳои балоғатӣ ва луғавии Қуръон тамаркуз доштаанд ва рӯҳи тафсир ва тадаббур дар он нодида гирифта шудааст.
Ҳадафи асосии ин тарҳ, табдили Қуръон аз як матни фақат барои тиловат, ба матне барои андеша кардан, фаҳмидан ва татбиқи оятҳо дар зиндагӣ аст. Ин тарҳ мекӯшад, то як фаҳми фарогир аз Қуръонро тавассути пешниҳод кардани тафсире фарогир аз оятҳо ироа диҳад.
Аз дигар ҳадафҳои ин тарҳ, пайванд додани мусалмонон бо китоби Худо ба шакле амалӣ ва муфид барои тафаккур ва рафтори онҳо аст. Ин кор бо пешниҳоди як саҳифа аз Қуръон дар рӯз амалӣ мешавад, ки дар он:
· тиловати оят бо садои зебо,
· тавзеҳи луғавии калимаҳое барои содасозии мафҳумҳо,
· хулосаи маънои куллии оят,
· пешниҳоди бардоштҳое аз муҳимтарин тафсирҳои қадим ва нав,
· шарҳи иртиботи оят бо пеш ва паси он барои дарки сохтори қуръонӣ,
· ва истихроҷи фоидаҳои амалӣ ва омӯзишӣ аз оятҳо ҷой дода мешавад.
Барномаи «Дарсҳое аз Қуръон» барои корбарон ва ширкаткунандагон як марҳилаи дусоларо дар назар гирифтааст, то дар тӯли ин ду сол, тиловат, фаҳм ва тадаббур дар Қуръонро омӯзанд. Дар поёни барнома, онҳо метавонанд бо истифода аз гуногунӣ дар мактабҳои тафсирӣ ба дарки фарогире аз маъниҳо ва мафҳумҳои Қуръон даст ёбанд.
Ин тарҳ бо пешниҳоди тавзеҳоти содда аз вожаҳо ва тафсири мухтасари оятҳо, инчунин бо каоиши амиқтар дар маъниҳои онҳо бар асоси андешаҳои муҳаққиқон ва муфассирон, ба сатҳҳои гуногуни шунавандагон ва бинандагон пешниҳод мешавад.
Ин ҳаракати қуръонӣ ба дунболи он аст, ки бо ҷустуҷӯи ишоратҳои Қуръон ва маъниҳои амиқи он, Қуръонро ба унвони сабки зиндагӣ муаррифӣ кунад — на китобе, ки танҳо барои табаррук тиловат шавад.
Дар ин тарҳ ҳамчунин гуфтугӯҳо ва муколамаҳо бо ҷомеаи рақамӣ дар бораи маъниҳои Қуръон сурат мегирад, ки дар онҳо таъкид мешавад:
«Қуръон китоби ҳидоят аст, на танҳо матне барои ҳифз ё тиловат. Ин бор, биёед Қуръонро бо ақл ва қалби худ бихонем.»