Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи "Раъю-ул-Яум", гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кард, ки нерӯҳои он як бомбро дар масири низомиёни суриягӣ дар вилояти Сувайдо ҷобаҷо кардаанд.
Маркази ба ном Дидабони ҳуқуқи башари Сурия низ дар гузорише эълом кард, ки дар нахустин ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба низомиёни суриягӣ пас аз суқути давлати Башшор Асад, як низомии узви гуруҳи 70-уми Сурия кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Бар пояи ин гузориш, бомб дар масири як мошини посбонӣ мунфаҷир шудааст ва шахси кушташуда дар ҳамин мошин будааст.
Гарчанде ҳамлаҳои ДИИШ дар манотиқи таҳти назорати ҳукумати нави Сурия, ки пас аз суқути Башшор Асад дар моҳи озари соли гузашта ба қудрат расид, камшумор будааст, аммо ин гурӯҳ ҳамчунон амалиётҳоеро алайҳи нерӯҳои курд дар шимолу шарқи Сурия идома медиҳад.
Дар ҳамин росто, масъулони суриягӣ ин ҳафта эълом карданд, ки аъзои як ҳуҷайраи вобаста ба ДИИШ-ро дар наздикии шаҳри Димишқ боздошт кардаанд.