IQNA

17:52 - May 31, 2025
рақами хабар: 3408

Оғози давраи нӯҳуми тарҳи миллӣ бо унвони «Амирул-қурро» дар Ироқ

ИКНА - Маҷмаи илмии Қуръони Карим вобаста ба остони муқаддаси Аббосӣ давраи нӯҳуми тарҳи миллии «Амирул-қурро»-ро оғоз кард.

Оғози давраи нӯҳуми тарҳи миллӣ бо унвони «Амирул-қурро» дар Ироқ

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз ал-Кафил, Муҳаммад Ризо Зубайдӣ, мудири иҷроии ин тарҳ, эълом кард: Маҷмаи илмии Қуръони Карим вобаста ба остони муқаддаси ҳазрати Аббос (а) давраи нӯҳуми тарҳи миллии «Амирул-қурро»-ро бо ширкати донишомӯзони боистеъдод дар бахши қироати Қуръони Карим аз 16 вилояти Ироқ оғоз намудааст.

Вай афзуд: иҷрои барномаҳои омӯзишии ин тарҳ тавассути як воркшоп (коргоҳи омӯзишӣ) оғоз шудааст, ки диққати асосӣ дар он ба машқҳои садоӣ ва нафасгирӣ равона шудааст ва қориёнро барои оғоз кардани дарсҳои марбут ба қироат ва ҳифз омода месозад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин маҷмаъ барномаи ҳамаҷонибаеро барои ширкаткунандагон таҳия кардааст, ки аз субҳи барвақт оғоз шуда то шом идома меёбад. Ин барнома бо як системаи пешрафта иҷро мешавад ва ба пешрафти донишомӯзон дар сатҳҳои мухталиф кӯмак мерасонад.

Зубайдӣ изҳор дошт: Ин тарҳ дар се марҳила баргузор хоҳад шуд ва дар баробари он, мусобиқот, коргоҳҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ, сафарҳои тафреҳӣ, маҳфилҳои қуръонӣ ва ҷаласаҳои омӯзишӣ дар бораи қироати саҳеҳи Қуръони Карим низ баргузор мегардад.

https://iqna.ir/fa/news/4285475

captcha