Аъзои гурӯҳи тавошеҳи "Нур"-и Теҳрон бо ҳузур дар Масҷидуннабӣ (с) оятҳое аз сураи мубораки Аҳзобро ба шакли мусобиқа тиловат карданд.

Ба гузориши ИКНА, аъзои гурӯҳи тавошеҳи "Нур"-и Теҳрон, ки дар чорчӯби корвони қуръонии Нур барои ҳаҷи таматтуи имсола ба Макка эъзом шудаанд, бо ҳузур дар Масҷидуннабӣ (с) оятҳои 21 то 24-и сураи мубораки Аҳзобро иҷро карданд.