ИКНА - Шайх Муҳаммад Ҳусайн, Муфтии аъзами Қудси Шариф ва Фаластин ва раиси Шӯрои олии фатво, бо эъломи он ки намози иди Қурбон дар Фаластин рӯзи ҷумъа, баробар бо 10-уми Зулҳиҷҷаи 1446 ҳиҷрии қамарӣ баргузор мешавад, таъкид кард: шаҳрвандон дар рӯзи иди Қурбон ба аёдати хонаводаҳои шаҳидон, асирон, маҷрӯҳон ва ниёзмандон бираванд ва афроди тавоно ва доро қурбонӣ кунанд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз «Маъа», Шайх Муҳаммад Ҳусайн эълом кард, ки вақти баргузории намози иди Қурбони имсол соати 6 ва 5 дақиқаи субҳ хоҳад буд.
Ӯ бо ишора ба он ки рӯзи панҷшанбе, рӯзи Арафа аст ва рӯза доштан дар он рӯз суннат аст, бар рӯза гирифтани мардум таъкид кард.
Шайх Муҳаммад Ҳусайн аз шаҳрвандон дархост кард, ки дар рӯзи иди Қурбон ба дидори хонаводаҳои шаҳидон, асирон, маҷрӯҳон ва ниёзмандон бираванд ва аз афроди сарватманду тавоно хост, ки қурбонӣ кунанд ва аз тариқи он ба Худои Мутаол наздик шаванд, зеро ин амал робитаи байни хонавода, хешовандон ва ақраборо таҳким мебахшад ва дар бартараф кардани ниёзҳои фақирон ва ниёзмандон кӯмак мекунад.