Ба гузориши ИКНА, ин вебинар фардо сешанбе, баробар бо 3-юми июн дар остонаи 36-умин солгарди реҳлати бунёнгузори кабири Инқилоби Исломии Эрон, ҳазрати Имом Хумайнӣ(рҳ) соати 9 субҳ дар ИКНА баргузор мешавад ва тавассути сафҳаи Апарати ИҚНА бо нишонии aparat.com/iqnanews/live қобили тамошо хоҳад буд.
Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Саидмустафо Ҳусайнии Найшобурӣ, раиси Маркази байналмилалии Қуръон ва таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, меҳмон ва суханвари ҳузурии ин вебинар хоҳад буд, ки бо мавзӯи «Имом Хумайнӣ(рҳ); ислоҳгари бузурги ҷаҳони муосир» суханронӣ мекунад.
Инчунин, вебинар бо суханрониҳои видеоӣ аз тарафи мутафаккирон ва устодон аз Баҳрайн, Ироқ ва Лубнон низ ҳамроҳ хоҳад буд:
· Ҳуҷҷатул-ислом Шайх Абдуллоҳ Дақоқ, руҳонии баҳрайнӣ, бо мавзӯи: «Ҳаҷ ва рушди наҳзати эътиқодии ҷаҳони Ислом дар андешаи Имом(рҳ)»;
· Ҷумъа ал-Атвонӣ, мудири Маркази таҳқиқот ва таҳлили сиёсӣ «Уфуқ» дар Бағдод, бо мавзӯи: «Имом(рҳ) ва стратегии ваҳдати Исломӣ»;
· Линда Таббуш, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари лубнонӣ, бо мавзӯи: «Имоми Хумайнӣ(рҳ); бунёдгузори худёбии уммати Исломӣ».
Ин вебинар талошест дар баёни андешаҳои ислоҳгароёна ва ваҳдатофарини Имоми Хумайнӣ(рҳ) ва нақши таъсиргузори ӯ дар бедории исломӣ ва тағйироти амиқ дар ҷаҳон Ислом.