IQNA

Баргузории бузургтарин мусобиқоти телевизионии тиловат ва тартилии Қуръон дар Миср

10:36 - June 05, 2025
рақами хабар: 3425
ИКНА - Вазорати авқофи Миср аз оғоз шудани ҳамкории муштарак бо ширкати хидматрасонии расонаии «Ал-Муттаҳида» барои баргузории бузургтарин мусобиқаи телевизионӣ бахшида ба шиносоии истеъдодҳои қуръонӣ дар бахшҳои тиловат ва тартилии Қуръон хабар дод.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Садӣ Ал-Балад», Вазорати авқофи Миср эълом кард, ки ин ҳамкорӣ бо ширкати «Ал-Муттаҳида» ба ҳадафи тавлиди барномаи бузурги телевизионӣ оғоз шудааст, ки ба шиносоӣ ва ҳимоят аз истеъдодҳои наврас ва барҷаста дар бахши тиловати Қуръон дар саросари вилоятҳои Миср равона шудааст.

Дар ҳамин росто, Усома Алазҳарӣ, вазири авқофи Миср, «Аҳмад Фоиқ», раиси бахши барномаҳои ширкати «Ал-Муттаҳида» ва ҳайати ҳамроҳашро дар қароргоҳи ин вазорат дар пойтахти нави идории Миср ба ҳузур пазируфт ва дар ҷараёни дидор, омодагиҳои ниҳоӣ барои баргузории мусобиқот баррасӣ гардид.

Ин мусобиқот бо ҳадафи идомаи нақши пешгоми Миср дар арсаи фаъолиятҳои қуръонӣ ва таъкиди ҷойгоҳи таърихии он ҳамчун «сарзамини тиловат» баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар поёни он тасвири шоиста ва сазоворе аз нақши Миср дар хидмат ба Қуръон ва аҳли Қуръон ба тамошобинон ироа хоҳад гардид.

Яке аз муҳимтарин аҳдофи ин рӯйдод муаррифии насли ҷадиде аз қориёни боистеъдод ва соҳибони садоҳои фатаниест, ки дар пайи роҳу равиши устодони барҷастаи тиловати Қуръон дар Миср, аз ҷумла: шайх Маҳмуд Халили Ҳусарӣ, устод Абдулбосит Абдуссомад, шайх Муҳаммад Содиқ Миншовӣ, Мустафо Исмоил, Маҳмуд Алӣ Ал-Банно ва шайх Сайид Саид қадам мениҳанд. Ҳимоят аз ин насли нав ва густариши паёми қуръонӣ аз дигар аҳдофи баргузории ин мусобиқа унвон шудааст.

Низоми доварӣ ва шартҳои ширкат

Кумитаҳое иборат аз уламову қориёни барҷастаи кишвар, бар ҷараёни ин мусобиқот назорат хоҳанд дошт, то истеъдодҳои беҳтарин дар сатҳи миллӣ, бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳои дақиқи илмӣ ва иҷрои саҳеҳу зебои тиловат шиносоӣ ва муаррифӣ шаванд.

Ширкат дар ин мусобиқа барои тамоми шаҳрвандони Миср дар ҳамаи синну солҳо озод аст ва маҳдудияте барои ширкат вуҷуд надорад.

Шароити эълоншуда барои ширкат дар ин мусобиқоти бузурги телевизионии Қуръон дар Миср ба таври зерин аст:

·        Истиқомат ва тасаллут бар аҳкоми таҷвид;

·        Ширкат танҳо дар яке аз ду бахш: таҷвид ё тартилии Қуръон иҷозат дода мешавад;

·        Ширкаткунандагон набояд аз қориён ё мудҳинҳои расмии радиои Миср бошанд;

·        Ширкаткунандагон ҳамчунин набояд аз қориёни таъйидшудаи Вазорати авқоф бошанд, ки дар маросимҳои расмӣ ва масоҷиди бузург тиловат мекунанд.

Ҷоизаҳо:

·        1 миллион пунди мисрӣ барои ҷойи аввал дар бахши тиловат;

·        1 миллион пунди мисрӣ барои ҷойи аввал дар бахши тартилии Қуръон;

·        500 ҳазор пунди мисрӣ барои ҷойи дуюм дар ҳар ду бахш;

·        250 ҳазор пунди мисрӣ барои ҷойи сеюм дар бахшҳои таҷвид ва тартилии Қуръон.

https://iqna.ir/fa/news/4286308

captcha