Дар ояти 96-и сураи Оли Имрон мехонем: «إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكًا وَهُدًى لِلْعَالَمِينَ»
(Бешак нахустин хонае, ки барои мардум гузошта шудааст, ҳамон аст, ки дар Макка (Бакка) аст — муборак ва роҳнамо барои ҷаҳониён).
Сухани «Бакка» дар луғат ба маънии издиҳом аст ва замини Каъба ва гирду атрофи он ба сабаби издиҳоми мардум «Бакка» номида мешавад. «Муборак» низ ба маънии чизе аст, ки фоидаи собит ва доим дошта бошад.
Яке аз эътирозҳои Бани Исроил ин буд, ки чаро мусалмонҳо бо вуҷуди қадимии Байтулмуқаддас — ки ҳазор сол пеш аз мелод аз сӯи ҳазрати Сулаймон сохта шуда буд — онро канор гузошта, Каъбаро қиблаи худ қарор додаанд. Ин оят посух медиҳад, ки Каъба аз замонҳои қадим нахустин хонаи ибодат буда, пешинагии он аз ҳамаи маконҳои дигар бештар аст.
Ҳамчунин дар идомаи оят омадааст, ки хонае, ки дар сарзамини «Бакка» қарор дорад, муборак ва ҳидоятгар барои ҷаҳониён аст. Дар ояти баъдӣ, Худованд аломатҳои равшане аз тавҳидро дар ин хона бармешуморад, ки яке аз онҳо мақоми Иброҳим (а) аст — ҳамон маконе, ки ҳазрати Иброҳим (а) ҳангоми бунёди Каъба дар он истода буд.
Қуръон аз Каъба ба ҷуз аз «нахустин хона», бо таъбирҳои дигаре низ ёд мекунад, аз ҷумла:
· Маркази пойдорӣ ва бархостани мардум: «Қиёман линнолс» (Моида: 97)
· Хонаи озод ва бе соҳиб: «Байтул-ъатиқ» (Ҳаҷ: 29)
· Маҳалли ҷамъшавӣ ва хонаи амн: «Масобатан линнолс ва амнан» (Бақара: 125)
Дар ояти мавриди баҳс низ, амният ҳамчун яке аз вижагиҳои шаръии ин сарзамин ёд шудааст.