IQNA

Созмони Ҳаҷи Эрон ҷоизаи «Лабитем»-и Арабистони Саудиро дарёфт кард

14:47 - June 09, 2025
рақами хабар: 3445
ИКНА - Созмони Ҳаҷ ва Зиёрати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари баргузида дар арзаи хидматҳои барҷастаи иҷроӣ ба ҳаҷҷоҷ, ҷоизаи « Лабитем»-ро аз Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ дарёфт кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Ҳаҷ ва Зиёрат, маросими хатми Ҳаҷи 1446 ҳиҷрии қамарӣ бо ҳузури вазирон ва раисони ҳайатҳои ҳаҷи ҷаҳони Ислом ба мизбонии Тавфиқ бин Фузон ар-Рабиъа, вазири Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ, шаби якшанбеи гузашта дар бинои марказии Вазорати Ҳаҷи ин кишвар дар Маккаи мукаррама баргузор гардид.

Дар ин маросим, масъулони Арабистон бо ироаи гузорише аз барномарезиҳои анҷомшуда барои баргузории Ҳаҷи имсол, натиҷаҳои арзёбиҳои коршиносии худро аз иҷрои хидматрасониҳои миқдорӣ ва сифатии кишварҳои исломӣ ба зуюфи-р-раҳмон (меҳмонони Худо) баён карданд.

Дар ҷараёни ин маросим, барои аввалин бор, аз Созмони Ҳаҷ ва Зиёрати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари баргузида дар арзаи хидматҳои барҷастаи иҷроӣ ба ҳаҷҷоҷ тақдир ба амал омад ва лавҳи қадрдонӣ ва ҷоизаи « Лабитем» тавассути вазири Ҳаҷи Арабистон ба Алиризо Беёт, раиси Созмони Ҳаҷ ва Зиёрати Эрон, тақдим гардид.

سازمان حج ایران جایزه «لبیتم» عربستان را دریافت کرد

https://iqna.ir/fa/news/4287375

captcha