IQNA

Гузорише аз куҳантарин китобхонаи ҷаҳон

Китобхонаи Қаравийин – мероси хаттии исломӣ дар қалби шаҳри Фес + навор

21:32 - June 10, 2025
рақами хабар: 3448
ИКНА - Китобхонаи Қаравийин, куҳантарин китобхонаи ҷаҳон, яке аз ганҷинаҳои қадимии илмӣ ба шумор меравад, ки дорои асарҳои гаронбаҳои дастнавис, сангнавишта ва китобҳои нодири чопӣ мебошад ва дар маркази шаҳри бостонии Фес дар Марокаш сохта шудааст.

Китобхонаи Қаравийин – мероси хаттии исломӣ дар қалби шаҳри Фес + навор

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи "Ал-Наҳор", китобхонаи Қаравийин ҳамчун куҳантарин китобхонаи ҷаҳон шинохта мешавад, ки соли 1359 мелодӣ дар масҷид ва донишгоҳе ба ҳамин ном дар шаҳри Феси Марокаш таъсис ёфтааст.

Донишгоҳи Қаравийин дар соли 859 мелодӣ аз тарафи хонум Фотимаи Феҳрия, як зани донишманд ва бонангуи марокашӣ дар шаҳри Фес бунёд шудааст. Баъд аз гузашти як замони тӯлонӣ, соли 1359 мелодӣ, китобхонаи Қаравийин низ дар ҳамин донишгоҳ таъсис ёфт.

کتابخانه قرویین؛ میراث مکتوب اسلامی در قلب شهر فاس

Китобхонаи кунунӣ, ки таърихи таъсиси он ба қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ бармегардад ва номи он ҳамеша бо масҷиди Қаравийин ҳамроҳ будааст, бо дастури султон Муҳаммади Панҷум таъсис ёфтааст. Ин китобхона дорои асарҳои гаронбаҳо аз мероси хаттӣ ва дастнависҳои куҳан ва санадҳои нодирест, ки баъзе аз онҳо танҳо дар рафҳои ин ганҷинаи беназир дида мешаванд. Аз ҷумлаи онҳо як нусхаи Қуръони Карим аст, ки ба қарни 9 бармегардад.

Ин бинои таърихӣ ва фарҳангӣ як маркази муҳими илмӣ барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва донишмандон дар дохил ва хориҷи Марокаш ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба дастнависҳои нодире, ки дар ин китобхона нигоҳ дошта мешаванд, он ба ҳайси манбаи омӯзишӣ аҳамияти зиёде пайдо кардааст.

Китобхонаи Қаравийин дар тӯли садсолаҳо чандин маротиба таъмир, бозсозӣ ва густариш ёфтааст. Имрӯз дорои тақрибан 4 ҳазор нусхаи хаттӣ мебошад, ки ба таври илмӣ ва электронии феҳрист шудаанд.

کتابخانه قرویین؛ میراث مکتوب اسلامی در قلب شهر فاس

Аз ҷумлаи дастнависҳои ниҳоят нодире, ки дар рафҳои китобхонаи Қаравийин нигаҳдорӣ мешавад, як нусхаи нодири Қуръон мебошад, ки ба охири қарни дувуми ҳиҷрӣ ва оғози қарни севум бармегардад. Ин Қуръон бо обӣ тилло рӯи пӯсти оху ва бо хатти куфии қадимӣ навишта шудааст ва ягон нусхаи ҳамсон бо ин мусҳаф дар китобхонаҳои дигар – на дар Марокаш ва на дар кишварҳои дигар – вуҷуд надорад.

Дар ин китобхона ҳамчунин як нусхаи беназиру нодири китоби «Ал-Ибар» (ибратҳо) аз Ибни Халдун нигоҳ дошта мешавад, ки ЮНЕСКО онро дар зумраи мероси ҷаҳонии башарӣ қарор додааст.

Ин китобхона дар баробари асарҳои гаронбаҳо ва дастнависҳои арзишманде, ки то ҳол нишонгари ғановати фарҳангии Марокаш мебошанд, як нусхаи нодири китоби тиббӣ низ дорад, ки онро Ибни Туфайл навиштааст.

Ҳамчунин дорои дастнависҳои гаронбаҳои дигаре чун нусхаи нодири китоби «Ал-Баён ва ат-Таҳсил» аз Ибни Рушд мебошад, ки рӯи пӯсти оху навишта ва бо зебоии хосе зевар дода шудааст.

Инчунин дар ин китобхона як Инҷил ба забони арабӣ вуҷуд дорад, ки ба қарни 12 мелодӣ бармегардад. Дар канори ин осор маҷмӯае аз сангнавиштаҳои нодиру гаронбаҳо низ нигоҳ дошта мешавад, ки шумори онҳо тақрибан 600 адад тахмин зада мешавад.

Дар баробари ин дастнависҳо ва сангнавиштаҳои қиматнок, дар китобхонаи Қаравийин тақрибан 24 ҳазор унвон китобҳои нодири чопӣ низ вуҷуд дорад, ки умри баъзеи онҳо то 150 сол мерасад ва онҳоро низ метавон ба зумраи дастнависҳо шомил кард.

Ба ҷуз аз ин ҳама, дар китобхона китобҳое низ ёфт мешаванд, ки бо номи «ал-Хурум» (خروم) машҳуранд.

Дастнависҳои китобхонаи Қаравийин бештар ба мавзӯъҳои улуми исломӣ марбутанд, зеро дар баргирандаи нусхаҳои зиёде аз Қуръон, тафсир, фиқҳ, ҳадис ва усул, инчунин дастнависҳо дар соҳаҳои дигар чун тиб, риёзиёт, алҷабр, нуҷум, фалсафа, шеър ва адаб, таърих, гардишгарӣ, сафарномаҳо ва дигар ҳунарҳо мебошанд.

Дар поён наворе аз асарҳои хаттӣ ва дастнависҳои нодири мавҷуд дар китобхонаи Қаравийин дар қалби шаҳри Фесро метавонед тамошо кунед.

код

https://iqna.ir/fa/news/4275217

captcha