IQNA

Гвардиола: Ранҷу дардҳои Ғазза тамоми вуҷудамро озурда мекунад

21:40 - June 10, 2025
рақами хабар: 3452
ИКНА - Пеп Гвардиола, сармураббии дастаи "Манчестер Ситӣ", дар маросими гирифтани унвони доктори фахрӣ аз Донишгоҳи Манчестер, дар суханоне аз мардуми Ғазза пуштибонӣ кард ва гуфт:

«Ончи дар Ғазза мебинем, бисёр дардовар аст; тамоми вуҷудамро меозорад.»

Ба гузориши ИКНА, Гвардиола аз ҷониби Донишгоҳи Манчестер ба хотири хидматҳояш ба шаҳри Манчестер – ҳам дар дохили майдон ва ҳам берун аз он – сазовори унвони доктори фахрӣ гардид. Ин маросим дар Толори таърихии Витворс баргузор шуд ва Назир Афзал, раиси донишгоҳ, ин унвонро ба ӯ супорид.

Ин мураббии каталонӣ дар ҷараёни суханрониаш дар ин маросим бо равшании комил аз мардуми Ғазза дар миёни ҳаводиси мудҳиши рӯзҳои ахир ва наворҳо ва саҳнаҳои дардноке, ки бисёре аз мардумро дар саросари ҷаҳон ба шигифт овардааст, ҳамдардӣ ва пуштибонӣ кард. Ӯ бо изҳори ҳамдилӣ гуфт:
«Дидани ончи дар Ғазза мегузарад, бисёр дардовар аст.»

Ӯ афзуд: «Тамоми вуҷудам аз дидани ин манзараҳо дар ранҷ аст. Бигузоред рӯшан бигӯям: ин масъала ба идеология рабт надорад. Сухан дар бораи он нест, ки ман дуруст мегӯяму шумо ғалат. На. Сухан танҳо дар бораи муҳаббат ва зиндагист – дар бораи аҳаммият додан ба ҳамсоя. Шояд мо фикр кунем, дидани кӯдакони чаҳорсолае, ки дар натиҷаи таркиш мефавтанд ё дар бемористоне, ки дигар бемористон нест, ҷони худро аз даст медиҳанд, ба мо рабте надорад.»

Сармураббии Манчестер Ситӣ ҳамчунин гуфт: «Мо метавонем фикр кунем, ки ин масъала ба мо марбут нест. Аммо эҳтиёт кунед – қурбонии навбатӣ метавонанд фарзандони худи мо бошанд.»

Гвардиола ҳамчунин дар бораи аҳаммияти муқобила бо беадолатӣ ва зарурати сухан гуфтан дар лаҳзаҳои муҳим суҳбат кард ва гуфт:
«Дар ёд дорам қиссае ҳаст: ҷангале дар оташ месӯхт. Ҳамаи ҳайвонот ҳаросида ва нотавон буданд. Аммо як паррандаи кучак пайваста байни баҳр ва оташ парвоз мекард ва бо нӯги кучакаш қатраҳои об меовард. Море ба ханда мегӯяд: “Барои чӣ ин корро мекунӣ? Ҳаргиз наметавонӣ ин оташро хомӯш кунӣ.” Парранда мегӯяд: “Бале, медонам.” Мор мепурсад: “Пас чаро пайваста такрор мекунӣ?” Парранда дар охир ҷавоб медиҳад: “Ман танҳо вазифаамро анҷом медиҳам.”»

https://iqna.ir/fa/news/4287638

captcha