IQNA

Паёми Оятуллоҳ Систонӣ дар маҳкумияти шадиди таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон

20:58 - June 13, 2025
рақами хабар: 3460
ИКНА - Дафтари Оятуллоҳи Систонӣ, марҷаи олии шиъа, дар паёме таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон ва ба шаҳодат расондани гурӯҳе аз донишмандон, фармондеҳон ва мардумони ғайринизомиро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши ИКНА, матни паёми Оятуллоҳи Систонӣ ба таври зерин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Ҷинояти субҳи ҷумъаи режими ишғолгари Фаластин, ки боиси шаҳодати гурӯҳе аз донишмандон, фармондеҳони низомӣ ва мардуми ғайринизомии Эрон — аз ҷумла занон ва кӯдакон — ва ҳамла ба чандин муассисаву марказҳои илмии кишвар гардид, бори дигар ҳақиқати хатарнок ва таҷовузкоронаи ин режимро ошкор сохт.

Бо дархости раҳмат ва баландии мақом барои шаҳидони азиз, изҳори таслият ба хонаводаҳои мукаррами онҳо ва орзуи шифои оҷил барои маҷруҳон ва осебдидагон, ин иқдоми ҷинояткоронаро ба шиддат маҳкум менамоем ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ интизор дорем, ки бо фишор ба ин режими таҷовузкор ва пуштибонони он, аз идомаи чунин таҷовузҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Пойдории иззат ва сарбаландии миллати азизи Эронро аз Худованди Мутаол хоҳонем.
حول ولا قوة الا بالله العلی العظیم

https://iqna.ir/fa/news/4288357

captcha