Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, Попи Лион XIV дар вокуниш ба ҳамлаҳои мутақобили Исроил ва Эрон, роҳҳои сулҳомезро ягона роҳи наҷот дониста, аз роҳбарони ду кишвар хост, ки бо мантиқ амал кунанд ва сари мизи гуфтугӯ баргарданд.
Поп имрӯз 14 июн дар маросиме дар калисои Сент-Питер ба ҳозирон гуфт, ки бо нигаронии ҷиддӣ рӯйдодҳои минтақа, бахусус авзоъ дар Эрон ва Исроилро пайгирӣ мекунад.
Ӯ таъкид кард: «Авзоъ дар Эрон ва Исроил дар чунин лаҳзаи ҳассос ба таври ҷиддӣ рӯ ба шиддат ёфтан дорад. Ман бо қотеъият хоҳони масъулиятпазирӣ ва амал бо мантиқ ҳастам.»
Ин вокуниши Поп дар ҳоле баён шуд, ки то кунун кишварҳои мухталиф ва мақомҳои байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистиро маҳкум кардаанд.
Сафир ва намояндаи доимии Иттиҳоди Аврупо дар созмонҳои байналмилалии муқими Вена бо изҳори нигаронӣ аз ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ва эҳтимоли ташдиди буҳрон дар минтақа, бар зарурати таъмини амнияти муассисаҳои ҳастаӣ таъкид намуд.
Муовини аввали нахуствазир ва вазири умури хориҷии Покистон низ ин ҳамларо ларзае бар виҷдони башарият дониста, таъкид кард: Покистон дар канори миллати Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.
Раиси парлумони миллии Туркия низ бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии “Икс” (X), ҳамлаи Исроил ба хоки Эронро сахт маҳкум кард.
Вазорати умури хориҷии Либия низ имрӯз (шанбе) бо нашри баёнияе ҳамлаҳои ҳавоии саҳюнистҳо ба Эронро дар саҳари рӯзи ҷумъа шадидан маҳкум кард ва хостори қатъи фаврии танишҳо гардид.
Дар пайи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, ки бо маҳкумияти густардаи кишварҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст, расонаҳои ибрӣ гузориш доданд, ки дар посухи мушакии Эрон ба ин таҷовуз то кунун тақрибан 170 нафар маҷрӯҳ ва се саҳюнист ба ҳалокат расидаанд.