Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Раъюл-Явм, дар ин баёния омадааст, ки ин амалиёт ҳамоҳанг бо амалиёти артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ алайҳи душмани ҷинояткори Исроил анҷом шудааст ва ба инояти Худо ба аҳдофи худ бо комёбӣ даст ёфтааст.
Қувваҳои мусаллаҳи Яман, дар ин баёния, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, мардуми он, артиши далер ва раҳбарии шуҷоъу муъмини он, ки бо таваккул бар Худо бо таҷовузи ваҳшиёнаи саҳюнистӣ муқовимат мекунанд ва пай дар пай ба муассисот, қароргоҳҳо ва пойгоҳҳои душман зарба мезананд, салом ва дуруд фиристодаанд.
Дар идома, қувваҳои мусаллаҳи Яман бо ифтихор эълом доштаанд, ки ин таҳаввулотро аз наздик дунбол мекунанд ва бар тааҳҳуди қотеъонаи худ ба мардуми Ғазза ва муҷоҳидини вафодор ва озодаи онҳо то лаҳзаи поёни таҷовуз ва лағви муҳосира таъкид менамоянд.
Онҳо дар паёме ба дигар кишварҳо ва миллатҳои исломӣ ва арабӣ гуфтаанд:
«Ҷиҳод яке аз дарҳои биҳишт аст, ки Худованд онро танҳо ба рӯи дӯстони хосси худ боз мекунад. Пас биштобед ба сӯи дифоъ аз бародарони худ дар Ғазза, зеро он чи имрӯз бар сари онҳо меояд, фардо метавонад бар сари шумо фуруд ояд.»