IQNA

Паёми пирӯзии Имом Хоманаӣ, сарсухани якуми васоити ахбори ҷаҳонӣ

18:07 - June 27, 2025
рақами хабар: 3520
ИКНА - Паёми раҳбари муҳтарам Инқилоби исломии Эрон ба миллати Эрон пас аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар васоити ахбори ҷаҳонӣ васеъ инъикос ёфт.

Ба гузориши ИКНА ва ба нақли Ал-‘Олам, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муҳтарами Инқилоби исломии Эрон, рӯзи панҷшанбе ва дар сеюмин паёми тасвирии худ пас аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон чунин гуфтанд: “Лозим медонам ба миллати бузурги Эрон чанд табрик бигӯям. Аввал: табрики пирӯзӣ бар режими сохтагии саҳюнистӣ. Бо тамоми овозу ҳангоме, ки доштанд, режими саҳюнистӣ дар зери зарбаҳои Ҷумҳурии Исломии Эррон тақрибан ба замин афтода ва шикаст хӯрдааст.”

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманӣ изҳор доштанд: “Табрики дуюм ба пирӯзии Эрони азизамон бар режими Амрико аст. Режими Амрико вориди ҷанги мустақим шуд, зеро эҳсос кард, агар ворид нашавад, режими саҳюнистӣ комилан нест хоҳад шуд. Вале ҳеҷ дастоварде аз ин ҷанг надошт. Ин ҷо низ Ҷумҳурии исломӣ пирӯз шуд ва ба Амрико зарбаи сахт зад.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: “Табрики сеюм табрики иттиҳод ва ҳамбастагии бениҳояти миллати Эрон аст. Хушбахтона, як миллат бо наздики 90 миллион аҳолӣ якдилона, яксадо, қадам ба қадам, бо ҳам, бе ягон фарқият дар орзуҳо ва мақсадҳое, ки иброз мекунанд, истоданд, шиор доданд, сухан гуфтанд, аз рафтори неруҳои мусаллаҳ пуштибонӣ карданд ва баъдан низ ҳамин тавр хоҳад буд.”

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ки миллати Эрон бузургӣ ва шахсияти беназир ва барҷастаи худро дар ин маврид нишон дод ва собит кард, ки дар замони лозим садои якдилона аз ин миллат шунида мешавад ва хушбахтона ин рӯй дод.

Васоити ахбори байналмилалӣ фавран ин суханро паҳн карданд.

“Ройтерз” навишт, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ ба рӯи Амрико зад ва ба яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ҳамла кард.

Васоити ахбори англисӣ низ навиштанд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари инқилоби Эрон таҳдид кард, Эрон ба ҳар ҳамлаи Амрико посух хоҳад дод.

Шабакаи “Евронюс” гузориш дод, ки “Оятуллоҳ Хоманаӣ аз пирӯзии кишвараш бар Исроил ва зарбаи рӯи Амрико сӯҳбат кард.”

Васоити ахбори Амрико “Ассошиэйтед Пресс” навишт, ки раҳбари инқилоби Эрон таъкид кардааст, ки Амрико аз ин ҷанг дастовард надошт.

Шабакаи “Алҷазира” бо нашри паёми видеоии раҳбари инқилоби Эрон навишт: “раҳбари Эрон дар як суханронӣ бар Амрико ва Исроил пирӯзӣ эълон кард.”

Шабакаи “Франс 24” ба нақли суханони раҳбари инқилоб навишт, ки Эрон ба Амрико зарбаи сахт задааст.

Агентии хабарии Фаронса низ навишт, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ мегӯяд Трамп талош дорад посухи Эронро дар ҳамла ба пойгоҳи амрикоӣ Ал-‘Удайд камранг нишон диҳад.

Шабакаи SBS Австралия низ бо иқтибос аз раҳбари инқилоб навишт, ки Амрикоиҳо дар ин ҷанг ба ҳеҷ дастовард нарасиданд.

Рӯзномаи “Таймс Исроил” навишт, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ мегӯяд: “Амрико вориди ҷанг шуд, зеро эҳсос кард, агар ворид нашавад, режими саҳюнистӣ комилан нест хоҳад шуд.”

Ғайр аз ин, васоити ахбори минтақаӣ мисли Ал-Миядин, Алҷазира, Алъарабия, Алманар ва шабакаҳои дигар паёми раҳбари инқилобро васеъ пахш карданд.

Пойгоҳи хабарии арабӣ “Ал-Аҳд” низ суханони раҳбари муҳтарам Инқилоби Эронро сарлавҳаи аслии саҳифаи худ кард ва монанди аксари васоити ахбор ин суханҳоро инъикос намуд.

https://iqna.ir/fa/news/4291040

captcha