IQNA

Рад шудани хабари басташавии ҳарами Ҳазрати Зайнаб (с) ва манъи баргузории маросими азо

19:28 - June 30, 2025
рақами хабар: 3533
Вазорати корҳои динии Сурия хабари паҳншуда дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи басташавии ҳарами Ҳазрати Зайнаб (с) дар шаҳри Димишқ ва манъи баргузории маросими азои Ҳусайнӣ дар моҳи Муҳаррамро рад кард.

Ба гузориши Икно ба нақл аз Шафақ Ниюс, Вазорати корҳои динии Сурия, 7-уми тир (мувофиқ ба 28-уми июн), изҳороте нашр кард, ки дар он таъкид шудааст: ҳарами Ҳазрати Зайнаб (с) баста нашудааст ва баргузории маросимҳои мазҳабӣ дар айёми Ошӯро ва дигар рӯзҳои моҳи Муҳаррам озодона анҷом мегирад.

Дафтари расмии матбуотии вазорат гуфтааст, ки ҳарам барои зиёрат боз аст ва ягон мамнуъият дар баргузории шаъоирҳои динии муҳаррам вуҷуд надорад.

Вазорати корҳои динии Сурия инчунин таъкид кардааст, ки барои осон кардани зиёрати зиёраткунандагон ва таъмини амнияти онҳо чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳо хабарҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё ҳарами Ҳазрати Зайнаб (с) баста шуда ва баргузории маросимҳои Ҳусайнӣ дар Зайнабияи Димишқ манъ шудааст.

Аммо тасвирҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки аввалин шаби моҳи Муҳаррам дар ҳарами Ҳазрати Зайнаб (с) бо ҳузури даҳҳо нафар маросим баргузор шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4291486

 

Тегҳо: Сурия ، Димишқ
captcha