IQNA

20:20 - July 04, 2025
рақами хабар: 3542

Ширкат кардани Лашкари Аббос дар таъмини амнияти маросими Ошурои Ҳусейнӣ

«Майсам аз-Зайдӣ», фармондеҳӣ Лашкари размии Аббос эълом кард, ки ҳазору як нафар аз нерӯҳои ин лашкар ба ҳамроҳи шахсони ихтиёрӣ дар иҷрои вазифаи таъмини амнияти маросими Ошурои Ҳусейнӣ ширкат хоҳанд кард.

Ширкат кардани Лашкари Аббос дар таъмини амнияти маросими Ошурои Ҳусейнӣ

Ба гузориши Икна, ба нақл аз ал-Фурот, аз-Зайдӣ дар баёнияе эълом намуд: "Ширкат кардани Лашкари Аббос ба таври расмӣ ва тибқи вазифаи вогузоршударо аз ҷониби фармондеҳии амалиёти Карбалои Муъалло ва пас аз баргузор кардани чандин нишаст бо ҳузури вазири корҳои дохилӣ ва раиси Шӯрои генералии артиши Ироқ амалӣ мешавад."

Лашкари размии Аббас аз замони таъсисаш дар 11 сол пеш тавассути нерӯҳои худ ва шахсони ихтиёрӣ ҳамеша дар баргузории маросими Ошӯра ва Арбаъини Эмом Ҳусейн (а) бо муваффақият ширкат кардааст. Лашкари Аббас ҳамчунин дар хизматрасонӣ ба зоирон ва кӯмак ба гузаргоҳҳои марзӣ ва Атаботи муқаддас кӯмак мекунад.

https://iqna.ir/fa/news/4292441

captcha