IQNA

Тарҷумаи хутбаи намози ҷумъа дар Масҷидулҳаром ба 35 забон

16:58 - July 05, 2025
рақами хабар: 3544
Барои бори аввал, хутбаи намози ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Масҷидулҳаром ба 35 забон тарҷума шуд.

Ба гузориши Икно, нақл аз хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (ВАС), Раёсати умури динии Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ пештар эълон карда буд, ки хутбаи ҷумъаи ҳамин ҳафта барои нахустин бор ба 35 забон тарҷума мегардад.

Ҳадафи ин иқдом — таҷрибаи маънавии зоирон ва меҳмононро ғанӣ кардан ва ҳамзамон нишон додани фазилат ва одоби намози ҷумъа аст.

Шайх Абдураҳмон Судайс имомати намози ҷумъаи ин ҳафтаро бар дӯш хоҳад дошт.

Фаҳим ал-Ҳомид, мушовири раиси умури динӣ ва роҳбари кулли расона ва иртиботот дар ин раёсат, таъкид кард, ки тарҷумаи хутбаи ҷумъа ба чандин забон, яке аз василаҳои муҳими робита бо мардум ва муаррифии фарҳангу тамаддунҳо ба ҳамдигар аст.

Мақомот дар Арабистони Саудӣ ин иқдомро хизмат ба зоирону меҳмононе медонанд, ки аз кишварҳои гуногун омадаанд ва бо забонҳои мухталиф ҳарф мезананд.

https://iqna.ir/fa/news/4292537

captcha