Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз хабаргузории ироқии ВАЪ, волии Карбало бо пахши як баёния изҳор дошт, ки дар ҷараёни ин мулоқот, ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои байни мақомоти Карбало ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯ карданд.
Дар ин баёния омадааст, ки волии Карбало:
Аз нақши башардӯстонаи ҳайати СММ дар Ироқ ситоиш кард,
Ва изҳор дошт, ки мақомоти вилоят омодаанд барои боло бурдани мақоми Карбало ва беҳтар кардани хидматҳо ба шаҳрвандон, бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамзамон волии Карбало дар ин нишаст, шарҳи мухтасаре дар бораи аҳамияти мазҳабӣ ва сиёсӣ–и ин вилоят ироа кард ва гуфт:
Карбало ҳар сол миллионҳо зоирро аз дохил ва хориҷ мизбон мешавад;
Ва масъулони вилоят дар бахшҳои хидматрасонӣ, зерсохтҳо ва дигар бахшҳои муҳим, талошҳои зиёде анҷом додаанд.
Муҳаммад ал-Ҳассон, пас аз боздид аз бахшҳои мухталифи вилоят, гуфт:
"Созмони Милали Муттаҳид аз талошҳои созанда ва рушди зерсохтҳо дар Карбало пуштибонӣ мекунад ва мо аз наздик ин пешрафтҳоро зери назар дорем."