Тавре ки ИҚНО бо истинод ба хабаргузории расмии Ироқ гузориш медиҳад, ҳарамҳои муқаддаси ҳазрати Эмом Ҳусайн ва ҳазрати Аббос (а) дар Карбало мизбони анбӯҳи зиёди зоирон буданд, ки барои гиромидошти солрӯзи шаҳодати сарвари шаҳидон ҳазрати Абӯабдуллоҳи Ҳусайн (а) ва ёрони вафодораш ба мотам нишаста буданд.
Ҳамзамон бо ин маросим, гуруҳҳои зиёде аз азодорон ва ошиқони ҳазрати Эмом Ҳусайн (а) бо фурӯзон кардани шамъҳо хотири шаҳидони саҳрои Карбало (Дашти Найнаворо) гиромӣ доштанд.
Вобаста ба ин, Вазорати корҳои дохилии Ироқ рӯзи якшанбе хабар дод, ки аз оғози моҳи муҳаррам то имрӯз беш аз як миллиону 176 ҳазор нафар вориди Ироқ шудаанд.
Сарҳанг Аббос ал-Баҳодилӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ироқ, дар нишасти хабарӣ гуфт: "Аз аввали моҳи муҳаррам то имрӯз 1 миллиону 176 ҳазору 311 нафар ба Ироқ омада, ва 1 миллиону 9 ҳазору 863 зоир аз кишвар хориҷ шудаанд."
Ӯ илова кард: дар дохили шаҳри Карбало 833 мавкеъ (мукеб) барои ширкат дар маросими Ошӯро сабт шудаанд, ки аз онҳо 10 мукеб аз кишварҳои хориҷӣ вориди Ироқ шудаанд.
Ба гуфтаи ал-Баҳодилӣ, гурӯҳҳои мудофиаи шаҳрвандӣ (дифои маданӣ) дар гирду атрофи маркази Карбало мустақар шудаанд, то дар сурати рӯй додани ҳодисаҳо — мисли сӯхтор — зуд ба ҷои ҳодиса бирасанд.
Қаблан низ Вазорати корҳои дохилии Ироқ эълом карда буд, ки дар рӯзҳои гузашта даҳҳо ҳазор зоир, арабу ғайриараб, бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ ба Ироқ омадаанд, то дар маросимҳои Ошӯро дар шаҳри муқаддаси Карбало ва дигар маконҳои зиёратӣ ширкат кунанд.
https://iqna.ir/fa/news/4292810