Ба гузориши ИҚНО, бо истинод ба шабакаи «Ал-Ҷазира», Фред Керли, давандаи маъруфи амрикоӣ, бо нашри видеое дар саҳифаи Instagram-и худ, эълон кард, ки Исломро ҳамчун дини худ интихоб кардааст.
Фред Керли, ки ҳоло 30 сол дорад, дар яке аз масҷидҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳодатайн (гуфтан: "Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ") гуфт ва расман мусулмон шуд.
Ӯ дар карйераи варзишии худ 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонӣ ба даст овардааст. Ҳамчунин, дар Бозиҳои Олимпии Токио 2020 медали нуқра ва дар Олимпиадаи Париж 2024 дар дави 100 метр медали биринҷӣ гирифтааст.