Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз “ал-Алам”, хабаргузории амрикоии Associated Press шоми шанбе ба вақти маҳаллӣ навишт:
«Раҳбари олии Эрон, шанбе бори аввал пас аз ҷанги 12-рӯза миёни Эрону Исроил, ошкоро дар як маросими азодории шаби Ошӯро ширкат кард.»
Ин расонаи маъруфи амрикоӣ афзуд:
«Телевизиони давлатии Эрон наворе пахш кард, ки дар он раҳбари олии Эрон дида мешавад, ки ба мардум даст меҷунбонад ва ба шиорҳои онҳо ҷавоб медиҳад.»
Сомонаи The Hill, вобаста ба Конгресси Амрико низ ҳузури раҳбари инқилоби исломиро дар шаби Ошӯро дар Ҳусайнияи Эмом Хумайнӣ (р) аз нақли Ассошиэйтед Пресс бозтоб дод ва навишт, ки эшон дар ин шаби муҳими азодорӣ ширкат кард.
Washington Post низ хабар дод:
«Раҳбари олии Эрон, шанбе, бори аввал аз оғози ҷанги 12-рӯза бо Исроил, дар як маросими азодории Ошӯро ширкат кард.»
Шабакаи Ал-Ҷазира гузориш дод:
«Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, бори аввал пас аз оғози даргирӣ бо Исроил дар санаи 13 июн дар миёни мардум ҳузур пайдо кард.»
Reuters низ дар гузориши худ навишт:
«Тибқи видеое, ки телевизиони Эрон пахш кард, Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи шанбе дар як маросими мазҳабӣ иштирок намуд.»
France 24 низ навишт:
«Оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи шанбе, бори аввал аз оғози ҷанги 12-рӯза байни Исроил ва Эрон, дар маросими азодории шаби Ошӯро дар байни мардум пайдо шуд.»
Шабакаи телевизионии Russia Today (RT) гузориш дод:
«Оятуллоҳ Хоманаӣ, барои аввалин бор пас аз оғози задухӯрд бо Исроил, дар як маросими мазҳабии марбут ба Ошӯро ширкат намуд.»
Times of India низ ба ҳузури раҳбари олии Эрон дар Ошӯро вокуниш нишон дода, навишт:
«Хоманаӣ баъд аз шиддат гирифтани таниши ҳарбӣ бо Исроил, дар як маросими оммавӣ ҳузур пайдо кард.»
Шабакаи телевизионии GTV-и Покистон хабар дод:
«Раҳбари инқилоби Эрон таҳдидҳои душманро поймол кард ва дар маросими азодории Эмом Ҳусайн (а) ширкат намуд.»
Режими саҳюнистӣ аз 13-уми июн бе танаффус ба Эрон ҳамла кард ва муассисаҳои ҳастаӣ, системаи дифоъӣ, фармондеҳони ҳарбӣ ва донишмандони ҳастаии онро ҳадаф гирифт.
Дар посух, Эрон садҳо мушаки баллистикӣ сӯи Исроил партоб намуд, ки дар бисёре аз минтақаҳо хисороти ҷиддӣ оварда, боиси кушта шудани беш аз 28 нафар гардид.
4292807