Ба гузориши ТоҷикПресс, партоби як ракета аз ҷониби Яман боз як бори дигар миллионҳо саҳюнистро ба сӯи паноҳгоҳҳо фирор дод.
Зангҳои хатар дар минтақаҳои васеи Қудси ишғолӣ ва Тел-Авив, пойтахти Исроил ба садо даромаданд.
Ҳамчунин фаъолиятҳои фурудгоҳи Бен-Гурион боз барои чанд дақиқа қатъ шуд. Сухангӯи артиши Исроил низ даъво кард, ки ин ракета раҳгирӣ ва нобуд карда шудааст; даъвое, ки то ҳол аз ҷониби манобеи яманӣ тасдиқ нашудааст.
Ҳамлаи мушакии Яман чанд соат пас аз он рух дод, ки Муҳаммад Ал-Бухайтӣ, узори Шӯрои сиёсии ҳаракати Ансоруллоҳ, таъкид кард, ки Яман то ҳосил шудани оташбаси комил, дастгирии худ аз неруҳои муқовимат дар Ғаззаро идома хоҳад дод.
Ӯ ба Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва кобинаи вай ҳушдор дод: “Яман ҳар гуна ташдиди муборизаро бо шиддат посух хоҳад дод”.