Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Маҳмуд Халил, як донишҷӯи собиқи фаъоли сиёсӣ, ки зиёда аз се моҳро дар боздошт гузаронд, алайҳи ҳукумати Доналд Трамп, президенти пешини ИМА, додхоҳӣ карда ва талаб кардааст, ки барояш 20 миллион доллар ҷуброн пардохт гардад.
Халил дар шикояташ гуфтааст, ки ҳукумати Трамп ба обрӯяш латма зада, ба шакли қасдона дунболи таъқиби ҳуқуқӣ бурда ва ғайриқонунӣ маҳбасӣ кардааст.
Ӯ дар мусоҳиба бо Ассошиэйтед Пресс гуфтааст:
"Умедворам, ки ин даъвои ман нишон медиҳад, ки ҳукумати Трамп дигар наметавонад фаъолонро бо тарс додан ва зӯрӣ водор ба хомӯшӣ кунад."
Халил, ки дар Донишгоҳи Колумбия сухангӯи намоишҳои тарафдори Фаластин буд, афзуд:
"Мехоҳам ҳар маблағе, ки аз ин даъво ба даст меояд, барои кӯмак ба дигар фаъолоне, ки Трамп талош дошт садояшонро хомӯш кунад, истифода кунам."
Ӯ ҳамчунин ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки омодааст узрхоҳӣ ва бозбинӣ дар сиёсати ихроҷу таъқиби донишҷӯёни тарафдори Фаластинро қабул кунад.
Гуфта мешавад, Халил яке аз чандин донишҷӯ ва фаъоли ҷонибдори Фаластин аст, ки дар ҷараёни маъракаи нави Доналд Трамп алайҳи донишгоҳҳои маъруфи Амрико, аз ҷумла Гарвард ва Колумбия, боздошт шуда буданд.
Трамп ин донишгоҳҳоро ба ҳамкорӣ бо чапгароён, коммунистҳо ва тарафдорони Фаластин, инчунин душмании зидди яҳуд ва Исроил муттаҳам кардааст.
4293690