IQNA

Омӯзиши тиловати ироқӣ ва мисрӣ дар марҳилаи саввуми нақшаи миллӣ «Амирулқурро» дар Ироқ

18:11 - July 15, 2025
рақами хабар: 3593
Марҳилаи сеюми нақшаи миллии «Амирулқурро»-и Ироқ бо иштироки зиёда аз 100 қорӣ ва омӯзиши тарзи тиловати Қуръон ба услуби ироқӣ ва мисрӣ дар ҳоли баргузорӣ мебошад.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Ал-Кафил», Сайид Лайс ал-Убайдӣ, яке аз устодони ин барнома, гуфтааст: дар ин марҳила 110 нафар дарсгиранда дар 10 гурӯҳ ҷобаҷо шудаанд ва онҳо тарзи хондани Қуръонро ба ду сабк — ироқӣ ва мисрӣ — меомӯзанд.

Вай илова кардааст: дар ин марҳила бештар диққат ба зебогии талаффуз (ҳусни адо) ва садобаландӣ (садобандӣ) дода шудааст, ва бо таваҷҷуҳ ба қориҳои беҳтар ва шинохташуда, машқҳои вижаи овоз ва адоро хеле фишурда ва ҷиддӣ иҷро мекунанд.

Убайдӣ гуфтааст: ин марҳила, як навъ омодагии ниҳоӣ барои хонандагони Қуръон аст — ҳам барои сабт кардани тиловаташон ба таври фардӣ ва ҳам гурӯҳӣ.

Вай ҳамчунин афзудааст: дар ин марҳила ширкаткунандагон омӯзиши комилу зарурӣ мегиранд, то битавонанд дар ҷаласаҳои Қуръонӣ, мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок кунанд.

Гуфтанист, ки нақшаи миллии «Амирулқурро»-и Ироқ бо талоши Маҷмаи илмии Қуръонии Муассисаи Аббосӣ баргузор шуда истодааст. Дар марҳилаи сеюмаш, ҷаласаҳои азодории Ҳусайнӣ низ ҳамчун як қисми барнома дар назар гирифта шудааст.

Ин нақша бо як коргоҳи омӯзишӣ шурӯъ мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба машқҳои садо ва нафас дорад — то қориҳоро барои дарсҳои хониш ва ҳифз омода кунад.

Маҷмаи илмии Қуръон барои иштироккунандагони ин нақша як барномаи мукаммал таҳия кардааст, ки аз субҳи барвақт то бегоҳ идома меёбад. Барнома аз рӯи системаи пешрафта роҳандозӣ шудааст ва ба пешрафти донишҷӯён дар сатҳҳои гуногун кӯмак мерасонад.

Ин барнома ғайр аз дарсҳо ва машқҳои Қуръонӣ, инчунин сафарҳои фароғатӣ, ҷаласаҳои омӯзишӣ дар бораи тиловати дурусти Қуръон, ва ҳамчунин мусобиқаҳо ва коргоҳҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ-ро дар бар мегирад.

4294257

captcha