Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Маркази иттилоотии Фаластин, ин киштӣ тақрибан 15 фаъоли фаластинӣ ва кӯмакҳои башардӯстонаро бо худ мебарад — он ҳам дар шароите, ки мардуми Ғазза зери наслкушӣ ва гуруснагии доимии Исроил қарор доранд.
Ба гуфтаи Клод Лустик, ҳамоҳангсози Эътилофи Флотилияи Озодӣ дар Фаронса, ҳадафи ин сафар нишон додани ҳамдардии башардӯстона ва байналмилалӣ бо мардуми Ғазза аст. Ин иқдом аз тариқи компанияҳои кӯмакҳои мардумӣ маблағгузорӣ мешавад.
Киштии «Ҳанзала» рӯзи якшанбе, 22-уми тир (мувофиќи 12-уми июл), аз бандари Сиракузаи ҷануби Италия ба самти Ғазза ба роҳ баромад. Ин як иқдоми рамзӣ ва инсонӣ аст, ки бо ҳадафи шикастани муҳосираи баҳрии режими саҳюнистӣ, дастгирии мардуми Ғазза ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳон ба фоҷеаи башарӣ дар он минтақа анҷом мешавад.
Ин сафар дар доираи ибтикори Эътилофи Флотилияи Озодӣ (Freedom Flotilla Coalition – FFC) сурат гирифтааст. Ин эътилоф аз гурӯҳе иборат аст, ки аъзояш ихтиёриён ва фаъолони шаҳрвандӣ аз кишварҳои мухталиф ҳастанд. Онҳо соли 2010 низ корвони машҳури “Мавӣ Мармара”-ро барои шикастани муҳосираи Ғазза роҳандозӣ карда буданд.
Тибқи изҳороти ташкилдиҳандагон, киштии «Ҳанзала» кӯмакҳои рамзии башардӯстона барои мардуми Ғаззаро мебарад ва ҳамзамон паёми ҳамраъйии ҷаҳонӣ бо зиёда аз 2 миллион фаластинӣ, ки дар муҳосира қарор доранд, мерасонад.
Онҳо таъкид карданд, ки ин киштӣ танҳо барои бурдани кӯмак нест — балки як эътирози зинда ва равшан аст ба бетафовутии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба муҳосира, фақр ва вайрониҳои систематикӣ дар Ғазза.
4294383