IQNA

Ҳушмандсозии барномаи “Мусҳафи Мадина” дар Арабистон

20:23 - July 16, 2025
рақами хабар: 3602
Маркази чоп ва паҳнкунии Қуръон бо номи «Малики Фаҳд» дар шаҳри Мадина хабар дод, ки барномаи мобилии «Мусҳафи Мадина»-ро ба шакли ҳушмандсози хабар додааст.

Бино ба иттилои ИҚНО, ба нақл аз «Халидж Нюс», ин марказ истифода аз барномаи рақамии Мусҳафи Мадина-ро тавсия додааст, ки нусхаи хеле дақиқ ва расмии Қуръони Карим аст ва бо қироати Варш аз Нафеъ таҳия шудааст.

Ин барнома яке аз беҳтарин барномаҳои қуръонӣ шуморида мешавад, ки диққати асосиро ба сифати матн ва дурустии он равона кардааст. Ҳамзамон барои истифодабарандагон як таҷрибаи осон ва касбӣ фароҳам мекунад.

Барномаи оқилонаи “Мусҳафи Мадина” яке аз тарҳҳои навоваронаи рақамист, ки маркази Малики Фаҳд дар чаҳорчӯби стратегияи рақамикунонии худ роҳандозӣ кардааст. Ҳадаф — дастрас кардани Қуръони шариф дар шакли саҳеҳу боэътимод барои мардум тавассути платформаҳои гуногун мебошад.

Истифодаи ин барнома осон аст ва барои ҳама гуна корбар — аз муҳаққиқони илмҳои қуръонӣ то хонандагони оддӣ — мувофиқ меояд.

Ин барнома имкониятҳои зиёде барои хондан ва ҷустуҷӯи оятҳо медиҳад. Яке аз муҳимтаринаш — маълумоти мукаммал дар бораи ҳар сураи Қуръон аст. Ин маълумот дар бар мегирад:

  • Сабаби номгузории сура,

  • Ҷои нозил шудани он (Макка ё Мадина),

  • Тартиби ҷойгиршавӣ дар Қуръон,

  • Ва шумораи оятҳояш.

Ин чизҳо ба фаҳмиши беҳтари Қуръон кӯмак мекунанд ва истифодабарандаро бо матн ва таърихи нозили Қуръон наздиктар месозанд.

Инчунин, барнома феҳристҳои интерактивии дақиқ дорад, ки ба корбарон имкон медиҳад осон ба сураҳо, ҷузъҳо ва саҳифаҳо гузар кунанд.

Як системаи ҷустуҷӯи хеле пешрафта низ мавҷуд аст, ки ба шумо имкон медиҳад бо суръат ва дақиқ оят, калима ё ҳатто порчаи калимаро пайдо кунед.

Маркази Малики Фаҳд ба онҳое, ки мехоҳанд барномаро зеркашӣ кунанд, тавсия медиҳад, ки ба саҳифаҳои расмии марказ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кунанд. Дар он ҷо линки зеркашӣ ва дастурамали насб барои ҳама гуна телефонҳо ва системҳои амалиётӣ дастрас аст.

Мусҳафи Мадина як нусхаи чопии Қуръони Карим аст, ки аз тарафи маркази Малики Фаҳд дар Мадина нашр мешавад. Он яке аз эътимодбортарин нусхаҳои Қуръон дар ҷаҳон дониста мешавад ва дар бисёре аз кишварҳои исломӣ мавриди истифода қарор дорад.

Оқилонасозӣ (смартсозӣ) маънои онро дорад, ки ба барномаҳо бо истифодаи технологияҳои мисли зиҳи сунъӣ (AI), омӯзиши мошинӣ (Machine Learning) ва таҳлили маълумот, қобилиятҳои нав илова карда мешавад. Ин кор ба беҳтар шудани корбурд, суръат ва таҷрибаи шахсии истифодабарандагон мусоидат мекунад.

4294484

captcha