IQNA

Нақшаи “Шарқи Наздики нав”-и Исроил бо муқовимати Эрон дар ҷанги охир ноком шуд + видео

8:57 - July 21, 2025
рақами хабар: 3616
Як устоди факултаи илмҳои иҷтимоии Донишгоҳи Лубнон гуфт: Эрон бо як хиёнати дипломатӣ рӯ ба рӯ шуд, вале тавонист дар давоми чанд соат қуввати худро барқарор кунад. Ҳаминҷо буд, ки лоиҳаи амрикоиву исроилии “Шарқи Наздики нав” шикаст хӯрд.

Ба гузориши ИҚНО, вебинари байналмилалӣ бо номи «Иззат ва иқтидори Эрон; паёме болотар аз мушакҳо» рӯзи 28-уми тир, дар ИҚНО баргузор шуд. Дар он раиси Ҷиҳоди донишгоҳӣ ва чандин устоди донишгоҳҳо аз кишварҳои мухталиф иштирок доштанд.

Ин вебинар баъди ҷанги 12-рӯзаи таҳмилии Исроил ва Амрико ба зидди Эрон бо ташаббуси Хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИҚНО) баргузор гардид.

Мавзӯъҳои муҳими матраҳшуда дар вебинар чунин буданд:

  • Дифои қонунии Эрон дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ,

  • Амалиёти “Ваъдаи содиқ 3” ва тағйир дар тавозуни стратегии минтақа,

  • Террори донишмандон — ҳуҷҷате аз мазлумияти Эрон ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ.

Вебинар ба таври зинда (онлайн) баргузор шуд ва меҳмони студияи ИҚНО профессор Алӣ Мунтазирӣ, раиси Ҷиҳодидонишгоҳӣ буд. Дар қисми онлайн бошад, устодону таҳлилгароне аз кишварҳои мухталиф ширкат карданд.

Сухангӯёни асосии вебинар:

  • Талол Атрисӣ, устоди Донишгоҳи Лубнон

  • Дониёл Юсуф, устоди илмҳои сиёсӣ аз Донишгоҳи Исломии байналмилалии Малайзия

  • Дино Сулеймон, устоди равобити байналмилалии Донишгоҳи Поҷоҷорон (Индонезия)

  • Ийод Абуносир, таҳлилгари фаластинӣ

Талол Атрисӣ дар суханрониаш дар бораи “Амалиёти ваъдаи содиқ 3 ва тағйири муодилаҳои стратегии минтақа” сухан гуфт ва таъкид кард:

Ҳадафи душман аз ин ҷанги таҳмилӣ халос шудан аз Эрон буд — ки як кишвар бо мавқеи устувор ва дорои тавонмандии бузург, бахусус дар масъалаи Фаластин ва бо доштани барномаи ҳастаӣ ва мушакӣ аст.

Амалиёти “Ваъдаи содиқ 3”, ки аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода шуд, посухе буд ба таҷовузи режими саҳюнистӣ. Яъне ин амалиёт як дифои қонунӣ ва ҷавоб ба ҳамлаи Исроил буд.

Ин таҷовуз дар ду замина сурат гирифт:

  1. Заминаи аввал: раиси режими Исроил борҳо гуфта буд, ки мехоҳад як Шарқи Наздики нав бисозад. Баъди суқути давлати Сурия ва дахолатҳои Исроил дар он кишвар, фикр кард, ки тамоми кишварҳои минтақа метавонанд зери нуфузи Исроил қарор гиранд. Монеаи асосии ин нақша — Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

    Аз ҳамин сабаб, таҷовуз ба Эронро оғоз карданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф нобуд кардани силоҳи ҳастаӣ буд, вале ин танҳо баҳона буд.

  2. Заминаи дуюм: музокирот байни Эрон ва Амрико буд. Ҳадафи он, баррасии ояндаи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ва шояд бастани шартномаҳои тиҷорӣ ва ғайра бо Амрико буд.

    Аммо бо таҷовуз, онҳо хостанд, ки ин музокироти сулҳомезро вайрон кунанд ва тамоми минтақа дар ҳолати ташвиш, таниш ва тарс қарор гирад. Ҷанг оғоз шуд — як ҷанги ваҳшиёна ва тахрибкунанда.

Асли мақсад — барномаи ҳастаӣ набуд.
Аз таҳлилҳо ва матлабҳои нашршуда дар расонаҳои исроиливу амрикоӣ бармеояд, ки ҳадафи асосӣ барномаи ҳастаӣ набудааст. Чаро?

Зеро ҳамлаҳо, террорҳо ва истифодаи ҷосусони тарбиятдида аз солҳои пеш ба хотири барномаҳои дигар буд — барои сарнагун кардани низоми Эрон ё ноором кардани он кишвар.

Аммо ончи рӯй дод, шикасти тактикиву стратегӣ барои Исроил буд.
Сиёсати тавсеаталабонаи Исроилро ҳеч кас намепазирад. Ҷанги ахир гарон тамом шуд, вале як фурсат ҳам буд: Эрон қудрати худро нишон дод, иртиботҳояшро густариш дод, ва роҳро барои як Шарқи Наздики нав — исломӣ, эронӣ ва арабӣ боз кард.

Шарқи Наздик дигар наметавонад ҳамон бошад, ки Исроил мехоҳад.

Иншоаллоҳ дар ҳамин роҳ қадам мегузорем.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

код

4293960

captcha