Тибқи гузориши ИҚНО ба нақл аз "Мисрӣ ал-Явм", ин нусхаи Қуръони карим, ки аз Ҳинд оварда шудааст, як мероси гаронбаҳоро ба намоишҳои Осорхонаи Қуръон дар Мадина илова мекунад ва имкони шиносоӣ бо ҳунари хаттотии исломӣ ва аҳаммияти нусхаҳои камёб ва хаттии Қуръон дар давраҳои мухталифро фароҳам месозад.
Гуфта мешавад, ин нусхаи хаттии Қуръон бо диққат ва бо эҳтиётии хос дастнавис шудааст ва нишонаи фарҳангу ҳунари ғании мусалмонони Ҳинд мебошад. Интизор меравад, ки намоиши он дар осорхонаи Мадина таваҷҷуҳи бисёре аз тамошобинон ва муҳаққиқонро ҷалб кунад ва заҳмату талошҳое, ки садсолаҳо барои ҳифз ва навиштани Қуръони карим анҷом дода шудаанд, намоён созад.
Ба навиштаи рӯзномаи «Онли Кашмир» (Only Kashmir), Осорхонаи Қуръони карим дар Мадина як бинои таърихиву фарҳангии муҳим мебошад, ки барои шиносондани бузургии Қуръон таъсис ёфтааст ва дар он нусхаҳои гуногуни хаттиву нодири Қуръон аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳони ислом ҷамъоварӣ шудаанд.
Ба намоиш гузоштани ин нусхаи ҳиндии Қуръон гуногунии осори осорхонаҳоро бештар намуда, ҷоигоҳи ҷаҳонии Қуръони каримро дар қалби мусалмонон нишон медиҳад.
Қарор аст, ки санаи расмии ба намоиш гузоштани ин Қуръони нодир дар осорхонаи Мадина ба зудӣ эълон шавад ва барои тамошобинон имкони дидани ин асари беназири таърихиву ҳунарӣ фароҳам гардад.
4295452