Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Ал-Кафил», шаби гузашта шаҳри муқаддаси Карбало шоҳиди ҳузури густурдаи зоирон барои эҳёи шаби ҷумъаи охири муҳаррами соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ буд. Ин зоирон дар ҳарими Имом Ҳусайн ва ҳазрати Аббос (а) гирд омада, шабро ба дуо, зикр ва нияти қалбӣ гузарониданд.
Шаҳри муқаддаси Карбало дар тӯли моҳи муҳаррам мизбони ҳазорон зоир аст, ки барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва бародараш ҳазрати Абулфазл Аббос (а) меоянд, то ишқи худро ба аҳли байти Паёмбар (а) нишон диҳанд.
Остони муқаддаси Аббосӣ барои қабули зоирон, расонидани хидматҳои беҳтарин ва бароварда сохтани ниёзҳояшон барномаи ҳамаҷониба омода кардааст.
Дар идома, аксҳое аз ин маросими маънавӣ ва рӯҳонӣ пешниҳоди шумо мегардад:
4296159