Ба гузориши ИКНО, пас аз ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ва дар ҳоле ки душманони инқилоби исломӣ бо ҳар гуна тавтеа (қасд ва фитна) мехоҳанд дар дилҳои мардум ноумедӣ андозанд ва рӯҳияи миллати бузурги Эронро суст кунанд, маъракаи Қуръонии «Фатҳ» аз ҷониби хабаргузории байналмилалии Қуръон ба роҳ монда шуд.
Мақсади ин маърака ин аст, ки рӯҳияи ҷанговарони сипоҳи исломро боло барад, дар ҷомеа умед ва оромӣ эҷод кунад ва паёми илоҳии Қуръонро дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ паҳн намояд.
Қориҳои собиқадор, ҷавонон ва дигар фаъолони Қуръонӣ метавонанд ояти 139 сураи Оли Имрон, оятҳои аввали сураи мубораки Фатҳ, сураи Наср ва ғайраро тиловат кунанд ва видеои қироати худро ба саҳифаи fathadmin дар шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол намоянд.
Дар идомаи ин маърака, Сайид Исмоил Ҳошимӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Қуръон дар кишвар, ояти 139 сураи мубораки Оли Имронро қироат кард, ки дар зер онро мебинед:
4296621